Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » РАВАНДИ ҚОНУНИГАРДОНИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД

РАВАНДИ ҚОНУНИГАРДОНИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД

07 март 2025, Пятница
357
0
РАВАНДИ ҚОНУНИГАРДОНИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат ғариқонунӣ фаъолият ва будубош доранд, метавонанд то санаи 30 апрели соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Фармони мазкур имкон медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд метавонанд ҷиҳати ба расмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ ба мақомотҳои салоҳиятдор муроҷиат намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шӯъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, филлиалҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоянд. Бепарво набошед, чун фурсати кам барои қонунигардонии вазъи ҳуқуқиатон мондааст.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44, ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ