ШОДБОШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Бонувони гиромӣ!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тамоми модарону хоҳарони азизро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамояд.
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст. Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯст бузург мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ дарстгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро дар меҳвари он қарор дода, таъкид менамоянд, ки “мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боадабу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии занону бонувон бамаротиб зиёд гардида, занону бонувони фаъоли тоҷик дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва маданиву фарҳангии кишвари азизамон сарбаландона ва содиқона хизмат намуда истодаанд.
Бори дигар, ҳамаи шуморо бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба Шумо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоем.
Ҷашн муборак бошад, бонувони азиз!