КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ТОЛЯТТИ

Дар шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Россия вохӯрии масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва корманди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри мазкур таҳсил менамоянд баргузор гардид.
Вохурии мазкур дар Хонаи дӯстии халқҳои шаҳри Толятти баргузор гардида, дар он ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, муҳоҷирати бехатар, риояи техникаи бехтарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот манзур карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 имкон фароҳам омадааст, ки то 30 апрели соли 2025 ҳуҷҷатҳои будубоши худро ба расмият дароранд. Даъват ба амал оварда шуд, ки шаҳрвандоне, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ надоранд метавонанд аз фурсати муносиб истифода намуда, то муҳлати муайншуда ҳуҷҷатҳои худро дар кишвари иқомат ба расмият дароранд.
Дар вохӯрӣ, ҳамзамон, оид ба гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистқилолӣ суханронӣ намуда, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Зикр гардид, ки шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.
Ба саволҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират, мушкилот дар самти фаъолияти меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб масъулини Намояндагӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.
