Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » АЗ ИНТИҚОЛИ АШЁҲО АЗ ДАСТИ ШАХСОНИ НОШИНОС ХУДДОРӢ НАМОЕД

АЗ ИНТИҚОЛИ АШЁҲО АЗ ДАСТИ ШАХСОНИ НОШИНОС ХУДДОРӢ НАМОЕД

10 март 2025, Понедельник
688
0
АЗ ИНТИҚОЛИ АШЁҲО АЗ ДАСТИ ШАХСОНИ НОШИНОС ХУДДОРӢ НАМОЕД
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия ё зимни бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳҳо аз дасти шахсони ношинос бағоҷҳои шахсони ношинос, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёҳое, ки таркибаш муайян нест, барои интиқол додан ба кишвари дигар қабул накунед.
Инчунин ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони муқими кишвари иқомат расонида мешавад, ки ҳангоми сафар дар дохили Федератсияи Россия аз як вилоят ба вилояти дигар аз интиқоли бағоҷҳои шахсони ношинос худдорӣ намоед.
Ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ, кӣ ба фаъолияти таксиронӣ, хизматрасонии интиқоли фармоиш (доставка) машғул ҳастанд, расонида мешавад, ки зимни қабули фармоиш аз фармоишгар ҳатман ашё ё баҷоғи интиқолшавандаро пурсон шавед, ки дар дохили он чӣ мавҷуд аст.

Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз интиқоли ашёҳои иҷозаташон мамнуъ ва истифодаашон ғайриқонунӣ аз дасти шахсони ношинос худдорӣ намоед.

Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат шаҳрвандонд метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.
[/justify]

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ