Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД, БА МИЁНАРАВҲО БОВАР НАКУНЕД!!!

РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД, БА МИЁНАРАВҲО БОВАР НАКУНЕД!!!

10 март 2025, Понедельник
267
0
РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД, БА МИЁНАРАВҲО БОВАР НАКУНЕД!!!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки аз 26 октябри соли 2023 тағйирот ба Қонуни федералӣ аз 18 июни соли 2006, таҳти № 109 - ФЗ "Дар бораи номнавишти муҳоҷиратии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия" (Қонуни федералӣ аз 28 апрели соли 2023, №156-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 20 ва 22 Қонуни федералӣ “Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия”) ба ҳукми иҷро даромад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ки бо соҳибмулк тавассути портали “Госуслуги” худро дар қайди муҳоҷиратӣ монанд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштан дар қаламрави Федератсияи Россия ба миёнаравҳо бовар накарда, тавассути портали “Госуслуги” бо соҳибмулк фосилавӣ ба қайди муҳоҷиратӣ худро гузоранд. Дар ҳолати қайд надоштани соҳибмулк дар портали мазкур метавонанд ба мақомоти қабулкунандаҳои ҳуҷҷатҳои давлатӣ “Мои документы” ташриф оварда, ҳуҷҷатҳои худро расман ва қонунӣ ба қайд гиранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки вақтҳои охир дар қаламрави Федератсияи Россия гуруҳи миёнаравҳо дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷиро қайди муваққатии қалбакӣ омода намуда истодаанд, ки ваъзи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишвари иқомат зери хатар мемонанд.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ