ВОХӮРӢ БО МУҲОҶИРОН ДАР САМАРА БАРГУЗОР ШУД

Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар масҷиди ҷомеи шаҳри Самара бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва ҳамватанони муқими шаҳри мазкур вохӯрии судманд намуданд.
Дар вохӯрии мазкур, ҳамзамон, масъулини Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳими муҳоҷиратӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории мулоқот масъулин вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан, тартиби дарёфти ҷойи кори доимӣ, таъмини амнияти бехатари дар фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот доданд.
Зикр гардид, ки риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат зимни фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия кафолати фаъолияти меҳнатиро фароҳам оварда, имконият ва бехатарӣ дар фаъолияти меҳнатиро таъмин менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 иттилоъ дода шуда, зикр карда шуд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки расман фаъолият намекунанд, имконият доранд, ки то 30 апрели соли 2025 расман худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта, дар қаламрави Федератсияи Россия расман кору фаъолият намоянд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дӯст доштани фарҳанг, таърих ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар ва ба ин валиса баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44, ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.
Ба саволҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират, мушкилот дар самти фаъолияти меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб масъулини Намояндагӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.