ТАБРИКОТ БАХШИДА БА ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҳамватанони гиромӣ!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират фаро расидани фасли эҳёи табиат, ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон ҳамчун таҷассумгари тафаккури миллӣ ва сиришти маънавӣ ҷойгоҳи хос гирифтааст, табрику муборакбод менамояд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи шинохти Наврӯз оғоз гардида, ин ҷашни ниёгони миллӣ ба феҳристи мероси мадании ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар саросари олам ҷашни миллии ниёгони мо бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Маҳз бо шарофати сиёсати хирадофари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тавонистем арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ, маданӣ, ҷашну маросимҳои миллӣ, расму оинҳои мардумиро ҳифз гардида, ҳамчун мероси гаронбаҳои миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шуданд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостонӣ, ки ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, роҳи пурпечутоби таърихи миллиро тай намуда, асолат ва рисолати таърихии хешро ҳифз намудааст.
Наврӯз, тарғибгари беҳтарин суннатҳои волои аҷдодӣ буда, оғози рӯзи наву соли нав, рамзи пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, густариши дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Маҳз, ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси рӯзгор ба ягонагӣ, нангу номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.
Ин ҷашни зебою бостонӣ бо қудуми хуҷастааш ба хонадони ҳар яки мо файзу баракат меорад, боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа қавитар мегардонад, ба қалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозад.
Дар ин айёми фараҳафзои Наврӯзи хуҷастапай Шумо ва наздикону пайвандонатонро ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуда, ба ҳамагон азамату шаҳомати наврӯзӣ, бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ, зебоиву шукуфоии абадӣ ва дар фаъолияти минбаъда муваффақияту комёбиҳои беназир таманно дорем.
Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!