МУСОИДАТ ҶИҲАТИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ШАҲРВАНДОН

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” барои кӯмаки моддӣ ва ҳуқуқӣ расонидани модари танҳо бо 6 фарзанди ноболиғаш дар шаҳри Нижний Новгород мусоидат намуданд.
Намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти модар ва фарзандони ноболиғашонро омода намуда, ҷиҳати сафарбарӣ намудан ба кишвар ҳуҷҷатҳои лозимаи онҳоро таҳия намуда, барои интиёол ёфтан муосидат намуд.
Дар ин давра аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” барои зисти муваққатии модар ва фарзандони ноболиғи он шароит фароҳам оварда шуда, сару либос ва хӯроки гарм, маводҳои санитариву гигиенӣ омода намуда, дар шароити хуб шаҳрвандони ноболиғи кишвар муддати се моҳ нигоҳдорӣ карда мешуданд.
Бо мусоидати Намояндагӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” чиптаҳои парвози модар ва 6 фарзанди ноболиғаш бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст харидорӣ карда шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Читайте также:

26 август 2021, Четверг
Тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия