КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МИЁНИ МУҲОҶИРОН ДАР ШАҲРИ НОВОСИБИРСК

Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масҷиди маҳалаи “Левобережный рынок” шаҳри Новосибирск бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои санитариву гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар миёни ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъмин намуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба гаравиши ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурурҳҳои ифротгароӣ, терорристиву экстремистӣ, гуруҳҳои ҷиноӣ, нашъаҷалобӣ иттилоъ дода шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз ҳар гуна гуруҳҳои мухолифатангез дурӣ ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои аоилаи худро эмин нигоҳ доред.
Тавсия дода шуд, ки фориғ аз фаъолияти меҳнатӣ барои омӯзиши расму оин ва фарҳанги кишвари иқомат, бозомӯзии илмҳои муосир ва касбҳои муҳим дар бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба осорхона, театр, китобхона ва курсҳои бозомӯзӣ рафта, ба омӯзиш машғул шаванд.
Дар охир аз ҷониби шаҳрвандон вобаста ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб ба масъулини Намояндагӣ саволҳо дода, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.