Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ВАЪЗИ ҲУҚУҚИИ ХУДРО БА ТАНЗИМ ДАРОРЕД ВА ҚОНУНӢ ФАЪОЛИЯТ НАМОЕД

ВАЪЗИ ҲУҚУҚИИ ХУДРО БА ТАНЗИМ ДАРОРЕД ВА ҚОНУНӢ ФАЪОЛИЯТ НАМОЕД

16 апрель 2025, Среда
223
0
ВАЪЗИ ҲУҚУҚИИ ХУДРО БА ТАНЗИМ ДАРОРЕД ВА ҚОНУНӢ ФАЪОЛИЯТ НАМОЕД
Барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия 14 рӯзи дигар мондаааст, ки вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд. Дар ҳолати ба танзим даровардани будубоши худ шаҳрвандони хориҷӣ аз Феҳристи шахсони назоратшавандаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия хориҷ карда мешаванд.
Хотирасон менамоем, ки аз 5 феврали соли 2025 нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, раванди ихроҷи онҳо амалӣ шуда истодааст.
Дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Феҳристи шахсони назоратшаванда қарор доранд, метавонанд то 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд. Барои қонунигардонӣ шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба ниҳодҳои мазкур муроҷиат намоянд:
- ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия вобаста ба ҷойи зист;
- шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия;
- Маркази бисёрсоҳавии “Сахарово” (барои шаҳрвандони хориҷиев, ки дар шаҳри Москва қарор доранд).
Ҳуҷҷатҳое, ки барои будубоши расмӣ ҳатмӣ мебошанд:
– корти биометрӣ;
– муоинаи тиббӣ (ҷиҳати мавҷуд набудани бемориҳои хавфноки сироятӣ, истеъмоли маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ);
– мавҷуд набудани қарзҳои пардохтнашуда оид ба боҷҳо, андозҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ.
Пас аз 1 майи соли 2025 масъалаи танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия ғайриимкон хоҳад буд ва тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун вобаста ба ихроҷ, инчунин манъи вуруд ба Русия дар оянда нисбати хориҷиёне, ки вазъи ҳуқуқии худро танзим накардаанд, татбиқ карда мешаванд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ