Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрӣ бо Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон

Вохӯрӣ бо Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон

15 май 2025, Четверг
352
0
Вохӯрӣ бо Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон
Санаи 14 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон Зарипова Элмира Амировна баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла идоракунии раванди муҳоҷират, масоили шуғли пурмаҳсул, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи талаботҳои бозори меҳнати кишвари пазиро, ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар корхонаҳои маҳаллӣ ибрози назар намуданд.


Вазири меҳнати Тотористон қайд кард, ки дар минтақа корхонаҳои калони саноатӣ, аз ҷумла минтақаи махсуси иқтисодии "Алабуга" фаъолият мекунанд, аммо норасоии кадрҳо мушоҳида мешавад.

Ба иттилои номбурда, ҳар сол дар минтақа даҳҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ аз дигар давлатҳо кор мекунанд, ки аз рӯи шумора дар ҷойи аввал шаҳрвандони Ӯзбекистонанд.

Бо назардошти вазъи воқеъӣ ва зарурати фароҳам овардани шароитҳои ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона сафарбар мегарданд, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ