Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Қоидаҳои нави вуруд ба Россия: чӣ бояд донист

Қоидаҳои нави вуруд ба Россия: чӣ бояд донист

12 июнь 2025, Четверг
134
0
Қоидаҳои нави вуруд ба Россия: чӣ бояд донист
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки аз 30 июни соли 2025 қоидаҳои нави вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ амал мекунанд. Дар бораи он, ки чӣ гуна ба сафар омода шудан лозим аст, маълумот пешниҳод мегардад.
Чӣ бояд донист дар бораи барномаи ruID ва барои чӣ ба хориҷиён барномаи ruID лозим аст:
• Пеш аз сафар ба Россия бояд пешакӣ дар барномаи ruID ё дар портали Госуслуги дархости вуруд пешниҳод карда шавад
• Дар барномаи ruID дастрас аст:
• Хизматрасониҳо ва сервисҳо барои хориҷиён
• Огоҳиномаҳо дар бораи вазъи дархостҳо
• Маълумот дар бораи будубош дар Россия
Пас аз гузаштани марз ва тасдиқи ҳисоби шахсӣ дар Госуслуги, дар барнома рамзи QR ташаккул меёбад, ки онро ҳамроҳ бо шиноснома нишон додан мумкин аст
• Ба барномаи ruID метавонед бо логин ва пароли портали Госуслуги ворид шавед. Агар ҳанӯз ҳисоби шахсӣ надошта бошед — метавонед ҳангоми воридшавии аввал сабти ном шавед ё пешакӣ дар портал ба қайд гиред
Чӣ тавр шаҳрванди хориҷӣ метавонад сафар ба Россияро ба нақша гирад ва чи бояд кард пеш аз сафар:
• Барои вуруди бидуни виза, сафарро бояд пешакӣ дар барномаи ruID ё дар портали Госуслуги сабт кард
Чӣ тавр сафарро дар барномаи ruID сабт кардан лозим аст:
1.Барномаи ruID-ро ба телефон зеркашӣ ва насб кунед
2.Бо логин ва пароли Госуслуги ворид шавед. Агар ҳисоби шахсӣ надошта бошед — сабти ном шавед. Ҳангоми сабти ном маълумоти шиносномае, ки бо он марзи Россияро мегузаред, ворид кунед
3.Дар барнома дар бораи сафар дархост пешниҳод кунед:
• на барвақттар аз 90 рӯз ва на дертар аз 72 соат пеш аз вуруди банақшагирифташуда
• на дертар аз 4 соат барои вуруди фаврӣ (дар ҳолати муолиҷаи таъҷилӣ, бемории вазнин ё вафоти хешованди наздик — ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда лозиманд)
4.Маълумоти зеринро пур кунед:
• ҳадафи сафар
• муҳлати банақшагирифташудаи будубош
• минтақаҳое, ки ният доред боздид кунед
• маълумоти кӯдакони ҳамсафар. Агар падару модар якҷо сафар кунанд, маълумоти кӯдаконро ҳар ду волидайн нишон медиҳанд
5.Биометрияро дар барномаи ruID сабт кунед:
• акс гиред
• акс аз шиноснома гиред
• сабти овоз кунед
6.Мунтазири санҷиши маълумот шавед — огоҳинома дар ҳисоби шахсии шумо дар барнома пайдо мешавад
Бе сабти биометрия сабти сафар имконнопазир аст.
Барои ҳар як сафари нав бояд аксбардории нав анҷом дода шавад, ҳатто агар биометрияи қаблан сабтшуда мавҷуд бошад

Агар шумо аллакай биометрияи сабтиномшуда дар Россия дошта бошед:
• Метавонед дархости сафарро тавассути портали Госуслуги пешниҳод кунед — таҷҳизоте лозим аст, ки сабти видео ва овозро дастгирӣ мекунад, барои тасдиқи шахсият

Чӣ тавр сафарро дар портали Госуслуги сабт кардан лозим аст:
1.Ба портал бо логин ва пароли худ ворид шавед ё сабти ном шавед
2.Ба хизматрасонӣ гузаред ва маълумоти сафарро пур кунед — раванд ба пур кардани дархост дар барномаи ruID монанд аст
3.Барои тасдиқи шахсият аз рӯи биометрия, акси чеҳраи худро гиред
4.Дархостро ирсол кунед
5.Мунтазири санҷиш шавед — огоҳинома дар ҳисоби шахсии шумо дар барнома пайдо мешавад
Навори иттилоотӣ:
VK: https://vkvideo.ru/video-73442711_456239767;
YouTube: https://youtu.be/eNCLxlFKyhM;
Rutube: https://rutube.ru/video/ff74901679606fc7ccf856e54b5f1479/.
ЕПГУ: https://www.gosuslugi.ru/landing/new_entry_rules.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои ‪+7 (495) 967-98-44‬ ва ‪+7 (999) 912- 58-68‬ (WhatsApp) муроҷиат намоед
Намоянда дар минтақаи Сибир, шаҳри Новосибирск ‪+7 (929) 388-54-11‬
Намоянда дар минтақаи Приволже, шаҳри Уфа ‪+7 (926) 311-52-53‬
Намоянда дар минтақаи Ҷанубӣ, шаҳри Краснодар ‪+7 (901) 344-77-77‬
Намоянда дар минтақаи Шимолу-ғарбӣ, ш. Санкт-Петербург ‪+7 (977) 963-25-69

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ