Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » КӮМАКИ ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ БА НИЁЗМАНДОНИ ШАҲРИ РОҒУН

КӮМАКИ ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ БА НИЁЗМАНДОНИ ШАҲРИ РОҒУН

18 июнь 2025, Среда
89
0
КӮМАКИ ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ БА НИЁЗМАНДОНИ ШАҲРИ РОҒУН
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират хабар медиҳад, ки Намояндагӣ дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии фаъолонаи Шӯрои ҳамоҳансозии назди Консулгарии генералии Ҷукмҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатернбург таҳти роҳбарии Умаров Ёқубҷон иқдоми навбатии хайриявӣ барои шахсони ниёзманд, аз ҷумла кӯдакони бепарастор ва маъюбонро дар шаҳри Роғун анҷом дода.
Намояндагӣ дар доираи Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 масъалаи ҷалби ҳамватанони бурунмарзиро дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар чорабиниҳои мухталиф бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва шӯроҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ матраҳ ва муҳокима намуда, саҳми арзишманди ҳамвтанони бурунмарзиро дар ин самт пайваста таъкид менамояд.
Дар доираи иқдоми хайриявии мазкур соҳибкорони ватандӯст, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамвтанони саховатпеша иштирок намуда, аробачаҳои маъюбӣ, таҷҳизоти ҳаракат барои шахсони имконияташон маҳдуд, инчунин 1,7 тонна либосу пойафзоли мавсимӣ барои хонаи кӯдакон ва калонсолони ниёзманд харидорӣ карда шуда, дастрас гардиданд.
Шоистаи зикр аст, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона ҳамеша аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ дар доираи ҷашнҳои милливу давлатӣ анҷом дода шуда, сарчашма аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамватанони мо дастур супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти кори худ намуда, ба таври шоиста миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар муаррифӣ менамоянд.
Намояндагӣ минбаъд низ ҳамкориҳои зичи худро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои соҳибкорӣ идома дода, онҳоро барои иштирок дар барномаҳои миллӣ ва пешбурди иқдомҳои хайриявӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб хоҳад кард.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ