Лоиҳаи - "Алабуга Старт"

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки лоиҳаи Alabuga Start, ки дар ҳудуди Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга» (Ҷумҳурии Тотористон, Федератсияи Русия) амалӣ мегардад, яке аз ташаббусҳои пешрафта ва муҳим барои ҷалби ҷавонони муҳоҷири меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳа ба ташкили шароити шоистаи кор, рушду пешрафти касбӣ, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кору зиндагии муваққатӣ ба Россия меоянд, нигаронида шудааст.
Имтиёзҳо ва имкониятҳо барои иштирокчиёни лоиҳаи Alabuga Start:
1. Пардохти пурраи хароҷот:
o Роҳкиро то ҷои кор (бо ҳавопаймо ё роҳи оҳан);
o Тайёр кардани ҳуҷҷатҳо (патент, бақайдгирӣ, комиссияи тиббӣ);
o Манзили зист ва таъминоти ғизоӣ дар давраи аввалияи мутобиқшавӣ;
o Музди меҳнати шоиста (Аз 90 то 120 ҳазор рубл) бо имконияти пешравӣ дар кор
o Ҳамаи хароҷот дар сурати фаъолият ва иҷрои шартҳои кор (на камтар аз 1 сол) аз тарафи корфармо баргардонида мешавад.
2. Рушди касбӣ ва болоравии мансаб:
o Иштирокчиён аз рӯзи аввали фаъолият ба кор дар корхонаҳои муосири саноатӣ ҷалб карда мешаванд;
o Курсҳои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омӯзиши дохилии корхона пешбинӣ шудааст;
o Бо натиҷаҳои хуби кор, имкони пешрафт то вазифаҳои роҳбарикунанда мавҷуд аст.
3. Маориф ва омӯзиш:
o Омӯзиши забони русӣ, қонунгузории меҳнатии Россия ва малакаҳои касбии зарурӣ ройгон дода мешавад;
o Имкони идомаи таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии назди Минтақаи иқтисодии махсуси «Алабуга» мавҷуд аст.
4. Мутобиқшавии иҷтимоӣ:
o Кӯмак дар мутобиқ шудан ба шароити зиндагии Россия;
o Дастгирии равонӣ ва иҷтимоӣ тавассути роҳбарон ва роҳбаладон;
o Ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ барои ҳамгироии беҳтар.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки лоиҳаи «Алабуга Старт» як пешниҳоди нодир ба ҳисоб меравад ва дар баробари таҳсилот имкони таҷрибаомузи, таҷрибаандохтан ва фаъолият дар заминаи Алабуга пешниҳод карда мешавад.
Лоиҳаи Alabuga Start дар ҳамкорӣ бо Намояндагӣ амалӣ мегардад, ки иштирокчиёнро дар тамоми марҳилаҳо — аз интихоби аввалия то кор ва зист — ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекунад.
Иштирок дар лоиҳаи Alabuga Start имкони нодир барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, то кори устувор, малакаҳои касбӣ ва зиндагии шоистаро дар Россия ба даст оранд.
Тамос барои иштирок дар лоиҳаи Alabuga Start: +7 (986) 913 55 99 – Рамиз Русланович
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.