Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Корхонаи истеҳсолии вилояти Волгогради Россия шаҳрвандони тоҷикро ба кор даъват менамояд

Корхонаи истеҳсолии вилояти Волгогради Россия шаҳрвандони тоҷикро ба кор даъват менамояд

24 сентябрь 2014, Среда
1 339
0
Корхонаи истеҳсолии вилояти Волгогради Россия шаҳрвандони тоҷикро ба кор даъват менамояд
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва ФР оид ба муҳоҷират бо кортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон дар субъектҳои хоҷагидори Федератсияи Россия ба шумор меравад.
Бо ин мақсад аз ҷониби Намояндагӣ пайваста корҳо дар самти дарёфти корхонаҳои потенсиалӣ дар манотиқи гуногуни Россия ба рох монда шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои мазкур аз аввали сол аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолии Россия даҳҳо дархостҳои расмӣ оид ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба унвони Намояндагӣ ворид гардида, дар асоси ин дархостҳо садҳо ҳамватанони мо бо кор таъмин шуданд.
Боз як дархост бо чунин мақсад аз ЧДММ «Камышинский завод слесарно-монтажного инструмента» - и ш. Камишини вил. Волгоград ба унвони Намояндагӣ ворид гардид, ки дар он хохишмандонро бо ихтисосхои харрот, пармагар, охангар, кранчӣ ва коргари оддӣ ба кор даъват менамояд.
Аз чониби худ, корхонахои мазкур тањияи сариваќтии њуљљатњои лозима (аз њисоби музди мењнат), пешнињоди љойи хоб ва пардохти музди мењнатро (шартномавӣ аз 15 000 то 30 000 рубл) ба муњољирони мењнатї кафолат медихад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ