Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Самара

Категория: Новости
Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар СамараДар ноҳияи Безенчуки вилояти Самара бештар аз 150 муҳоҷири меҳнатии тоҷик асосан дар бахшҳои сохтмон ва тиҷорат фаъолият менамоянд ва ягон мушкили ҷиддӣ дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳою пардохти музди меҳнат надоранд. Ин нуктаро сохтмончиёни тоҷик зимни вохӯрӣ бо корманди дар сафари хизматибудаи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР дар яке аз мавзеҳои сохтмонии ноҳияи Безенчук иброз доштанд.



Дар мулоқоте, ки якҷоя бо раиси ҷамъияти тоҷикони ш.Самара «Единство», Саидасрор Мирзоев гузаронида шуд, доир ба дигаргуниҳои охири ќонунгузории федералӣ, тартиби гирифтани патент ва иҷозатномаи корӣ сухан рафт.

Саидасрор Мирзоев ҳангоми мулоқот ба муҳоҷирони тоҷик доир ба меъёрҳои одобу рафтори мардуми маҳаллӣ муфассал маълумот дода, афзуд, ки ба расму русум ва анъанаҳои сокинони маҳаллӣ бо эҳтиром муносибат карда, талаботи қонугузории давлати будубошро бояд риоя намуд.

Ба муҳоҷирон иттилоъ дода шуд, ки дар мавриди пайдо шудани мушкилот ба Намояндагӣ ва ҷамъияти тоҷикон муроҷиат намоянд.

Котиби матбуоти Намояндагии ХМ дар ФР
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо зайти на сайт под своим именем.