Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дар бораи патенти нав чиро бояд донист

Дар бораи патенти нав чиро бояд донист

23 декабрь 2014, Вторник
3 048
0
Тибќи меъёрњои ќонунгузории муњољиратии нав аз 1 январи соли 2015 шарњвандони хориљие, ки бо маќсади фаъолияти мењнатї ба ќаламрави ФР ворид мешаванд, метавонанд дар асоси патент дар шахсони њуќуќї низ фаъолият кунанд. Ин навоварї танњо барои щањрвандоне, ки бе раводид ба ќаламрави Россия меоянд, тааллуќ дорад.
Воридшавии ин меъёр аз як тараф квотаи љалби коргарони хориљиро дар ФР бекор намояд, аз лиҳози дигар низоми барасмиятдарории патентро мураккабтар мекунад. Њамзамон барои муњољирони мењнатї талаботњои нав, мўњлатњои мањдуд муайян карда шудааст, ки њангоми фаъолияти ќонунии шањрвандони хориҷӣ масрафи маблаѓи иловагиро ба миён меорад.
Дар асоси муќаррароти ин ќонун субъекти хољагидор (кордињанда) ва ё фармоишгари кору хизматрасонї ё соњибкори инфиродї, ки ќаблан муњољирони мењнатиро ѓайриќонунї ба ќор љалб карда бошанд, наметавонад, минбаъд шањрвандони хориљиро тибќи ќонунгузории нав ба кор ќабул намоянд.
Тартиби гирифтани патент
Барои гирифтани патент шањрванди хориљї дар мўњлати 30 рўзи таќвимї аз рўзи воридшавї ба ќаламрави ФР шахсан ва ё ба воситаи субъекти ваколатдори идораи ФР ба маќомоти минтаќавии њокимияти мањаллии соњаи муњољират хуљљатњои зеринро пешнињод мекунад:
1) ариза оид ба додани патент;
2) шиносномаи хориљие, ки дар ФР эътироф шудааст;
3) корти муњољиратї, ки маќсад воридот ба ќаламрави Россия «кор» ќайд карда шуда бошад;
4) ќайди муњољиратї бо суроѓаи љойи иќомат.
5) надоштани доѓи судї:
6) суѓуртаи њатмии тиббї, ки аз љониби ширкати суѓуртаи ФР эътироф шуда, тамоми давраи фаъолияти мењнатии муњољири мењнатиро дар бар гирифта бошад;
7) њуљљати тасдиќкунандаи истиснои касалињои нашъамандї, касалињои сироятї, ки номгўи онњо аз љониби маќомоти салоњиятдори Њукумати ФР тасдиќ карда шудааст. Сертификати надоштани беморињои масъунияти бадан (ВИЧ-инфексия), ки аз љониби маќомоти салоњиятдори ФР дода шудааст.
8) супоридани андоз аз даромад;
9) сертификати донистани забои русї, таърих ва асосњои њуќуќи ФР;
10) шартномаи мењнатї бо кордињанда, ки аз љониби нотариус тасдиќ шуда бошад.

Ҳаҷми андози моҳона аз фаъолияти меҳнатӣ.
Ќонунгузории нав ба њар як субъекти федералї салоњият додаст, ки мустаќилона маблаѓи андози моњона аз фаъолияти мењнатиро муайян намояд. Аз рўи маълумотњои пешакї Њукумати шањри Москва маблаѓи андози моњонаи патентро ба миќдори 4000 рубл муайян кардааст, ки дар дигар субъектњои федералї низ аллакай ин андоз муайян карда шудааст, таносубан 2400 рубл дар Екатеринбург, 3000 рубл дар Санкт-Петербург ва ѓайра мебошад.
Бояд гуфт, ки мўхлати ба расмиятдарории патент ба 30 рўз муайян карда шуда, дар њолати гузаронидани ин мўњлат љарима ситонида мешавад.
Дигар масъалаи муњим ин тасдиќ кардани надоштани доѓи судї мебошад, ки шањрвандони Тоҷикистон ин маълумотномаро аз маќомоти дахлдори ҶТ гирифта, дар хадамоти консулгарии Сафорати ЉТ дар ФР бояд тасдиќ намояд.
Тибќи ќонуни ќабулшуда, ба њар як маќомоти њокимияти иљроияи субъекти федералї иљозат дода шудааст, ки додани патентро ба баъзе намудњои фаъолияти соњибкорї дар ќаламрави субъекти федералї мањдуд намояд. Инчунин Њукумати ФР бо ќарои худ метавонад додани патентро дар баъзе субъектњои федералї ба мўњлати муайян манъ ё мањдуд намояд.
Мувофики ќонуни мазкур патент ба шањрванди хориљї ба мўњлати аз як моњ то 12 моњ дода мешавад. Дар ин њолат мўњлати патент ба муддати як моњ якчанд маротиба дароз карда мешавад, мўњлати тамдиди патент на зиёда аз 12 моњи аз санаи додани патент муќаррар шудааст. Мўњлати патент аз рўзи пардохти андоз тамдидшуда њисоб меёбад. Агар шањрванди хориљї дар давоми фаъолияти яксолааш ба ќонунвайронкунии маъмурї роњ надињад, њамон патенташ боз барои як соли дигар дароз карда мешавад.
Бояд ќайд кард, ки муњољирони мењнатие, ки то 1 январи соли 2015 патент гирифтаанд, то анљоми мўњлати муќарраргардида, инчунин дар шахсони њуќуќї ва субъектњои хољагидор истифода бурда мешавад. Хамзамон муњољирони мењнатие, ки иљозатномаи кории мўњлаташ дусола ва сесола доранд, то ба охир расидани мўњлат мавриди истифода ќарор мегирад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ