Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Патент – қоидаҳои соли 2015

Патент – қоидаҳои соли 2015

17 январь 2015, Суббота
3 840
0
Аз 1 январи соли 2015 дар ФР дар қонунгузории федералӣ оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ тағйироти нав ворид гардид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар шахсони ҳуқуқӣ низ бо патент кор кунанд.
Низоми нави патент танҳо ба шаҳрвандони кишварҳое, ки бо ФР низоми раводид надоранд, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ дорад . Патенти нав аз пешин ба кулли фарқ мекунад. Ҳам аз лиҳози муҳлати дархост, ҳам аз шумораи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ва ҳам аз ҷиҳати ҳаҷми андоз аз даромади шахсони воқеӣ.
Патент – қоидаҳои соли 2015
Дар ин бора намояндагони расмии ХФМ Россия зимни нишасти матбуотӣ, ки санаи 16 январ дар Маркази ягонаи муҳоҷиратии вилояти Москва доир шуд, иттилоъ доданд. Минбаъд барои гирифтани патент муҳоҷири меҳнатӣ бояд Сертификати донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР, маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва бемории норасоии масъунияти бадан (ВИЧ), полиси сугуртаи ихтиёрии тибби (ДМС) ва Квитансияи пешпардохти андоз аз даромади шахсони вокеи (НДФЛ) пешниҳод намояд.
Мувофиқи тартиби нав шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани патент бояд дар давоми 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ФР ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд. Агар дар ин муддат муҳоҷири меҳнатӣ барои гирифтани патент муроҷиат накунад, он гоҳ аз ӯ ҷарима ситонида мешавад. Ҳаҷми ҷарима бештар аз 10 ҳазор рублро дар бар мегирад.
Ҳачми моҳонаи андози патентро минтақаҳои федералӣ мустақилона муқаррар менамоянд, барои мисол дар Масква ва вилояти Москва андози моҳонаи патент 4 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Тавре масъулини ХФМ Россия хабар доданд, андози мазкур дар манотиқи Россия гуногун буда, қариб, ки дар нисфи минтақаҳои федералӣ ба ҳисоби миёна ба 1800 рубл баробар аст. Афзалияти патенти нав дар онаст, ки шаҳрванди хориҷӣ бо ин ҳуҷҷат метавонад ҳам дар шахси воқеӣ ва ҳам дар шахсони ҳуқуқӣ, яъне корхонаву муассисаҳо фаъолият кунад. То индам барои дар шахсони ҳуқуқӣ кор кардан иҷозати корӣ гирифтан лозим буд.
Барои қулай кардани барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо айнизамон дар аксар шаҳр ва вилоятҳои Россия марказҳои ягонаи муҳоҷиратӣ таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо барои гирифтани ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима ҷиҳати қонункардани будубош ва фаъолияти меҳнатӣ муҳайё карда шудааст.

Албатта ин марказҳо барои хизматрасонии худ маблағи муайян мегиранд. Масалан дар вилояти Москва хароҷоти умумии шахрванди хориҷӣ барои гирифтани патент 22 700 рублро ташкил медиҳад. Дар маркази муҳоҷиратии Москва бошад барои чунин ҳуҷҷатҳо муҳоҷири меҳнатӣ 14 500 рубл сарф мекунад.
Мувофиқи қонуни нав патентҳое, ки дар соли 2014 ба расмият дароварда шудаанд ва муҳлаташон нагузаштааст, то моҳи марти соли 2015 истифода бурда мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шахрванд маблағи семоҳаи андози патентро то 31 декабри соли 2014 супорида бошад. Дар акси ҳол патенти соли 2014 дар давоми як моҳ бояд ба патенти нав иваз карда шавад. Чун маъмулан муҳоҷирон андози патентро моҳ ба моҳ месупоранд, амалан гирифтани патент дар моҳи анвар ва феврали соли равон зарур меояд. Барои гирифтани патенти нав убури сарҳад лозим намеояд.
Аммо иҷозатномаи корие, ки дар соли 2014 гирифта шудааст, дар тафовут ба патенти соли гузашта дар соли нав низ то анҷоми мӯҳлаташон истифода бурда мешаванд. Барои гирифтани маълумоти муфассал шаҳрвандони мо метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии ЧТ, Хадамоти муҳоҷират ёки Намояндагии Вазорат дар Россия муроҷиат намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ