Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Тамошои Паёми Президенти ҶТ ба МО дар Россия

Тамошои Паёми Президенти ҶТ ба МО дар Россия

23 январь 2015, Пятница
1 872
0
Тамошои Паёми Президенти ҶТ ба МО дар Россия
Тамошои дастаҷамъии паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз ҷониби намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои сафорати ҶТ дар ФР баргузор шуд. Ҷараёни суханронии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии давлат дар соли 2015 ва солҳои минбаъда кормандони сафорати Тоҷикистон, хадамоти консули, намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират, намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон, фаъолони диаспора ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистониёни муҳими шаҳри Москва бо диққат тамошо карда нуктаҳои муҳиму ва фаъолияташон вобастаро барои дар амал татбиқ намудан, қайд карданд.
Сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов баъд аз тамошои паёми президенти мамлакат ба ҳозирин изҳор намуд, ки дар асоси дастуру нишондодҳои паём нақшаи корӣ тартиб дода шуда, таъмини тадриҷии он амалӣ карда мешавад. Бо ишора ба суханронии Сардори давлат вобаста ба беҳдошти шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои қабулкунанда, Имомуддин Сатторов афзуд, ки намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар ФР минбаъд бояд бо мақомотҳои салоҳиятдори давлати қабулкунанда робитаҳои зичи ҳамкориро таҳким бахшида, баҳри ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии мо кӯшишу талошҳои бештар ба харҷ диханд. Сафир ҳамчунин зикр кард, ки дар масъалаи пешбурди сиёсати хориҷии кишвар афзалиятҳои пешини ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ идома хоҳад ёфт.
Тамошои Паёми Президенти ҶТ ба МО дар Россия
Бояд гуфт, ки тамошои дастаҷамъии паёми Президенти кишвар ба МО бо даъвати сафорати ҶТ дар консулгариҳо ва дигар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар минтақаҳо низ ташкил карда шуд,
Тамошои Паёми Президенти ҶТ ба МО дар Россия
тавре корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират, иттилоъ дод дар шаҳри Екатеринбург баҳри тамошои паёми Сардори давлат ба толори фарҳангии шаҳр бештар аз 200 нафар ҳамватанони мо, ки дар ин минтақа кору иқомат доранд, ҷамъ омаданд.
Тамошои Паёми Президенти ҶТ ба МО дар Россия
Бояд тазаккур дод, ки тамошои оммавии паёми Президенти кишвар бо ибтикори намояндагиҳои расмӣ ва созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни манотиқи гуногуни Россия, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хабаровск, Новосибирск, Санкт -Петербург, Краснодар, Самара ва ғайра аз ҷониби ҳамватанон тамошо карда шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ