Сафари кории сардори Хадамоти муҳоҷират ба Федератсияи Россия

Имрӯз, 28-уми октябри соли ҷорӣ, Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ҷиҳати ба имзо расонидани Созишнома оид ба фаъолияти меҳнатӣ ба мӯҳлати 3 сол сафар намуд.
Бояд қайд намуд, ки солҳои охир байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия муносибатҳои хуби дӯстона ва судманд пойдор гардида, барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст.
Ҳуҷҷати мазкур фардо санаи 29-уми октябр ба имзо расида, ба шаҳрвандони мо имкон медиҳад, ки иҷозати корро ба мӯҳлати 3 сол бе хориҷ шудан аз қаламрави Федератсияи Россия дарёфт намоянд ва ин барои дароз намудани муҳлати будубоши мувақатии шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия асос мегардад.
Қобили қайд аст, ки созишномаи 15 рӯза ва 3 сола яке аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни мулоқоти ӯ бо Президенти ФР Владимир Путин ба имзо расида буд.
Ба имзо расидани ин Созишнома саҳифаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба ва дӯстонаи ҳарду кишвар мекушояд.
Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМнҲҶТ
Читайте также:

14 октябрь 2013, Понедельник
Дидори раисони парлумони Тоҷикистону Русия аз системаи он-лайни Фурӯдгоҳи ш. Душанбе