Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Маҳфили ҳамватанон дар Воронеж

Маҳфили ҳамватанон дар Воронеж

26 февраль 2015, Четверг
1 310
0
Маҳфили ҳамватанон дар Воронеж
Ёди меҳан, эҳтироми хоки муқаддаси зодгоҳ, дарки баланди ватандӯстӣ ва истиқбол аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиклол ин эҳсосоте буд, ки ҳамватанони моро дар шаҳри Воронеж баҳри мулоқот бо сафири ҶТ дар ФР ҷамъ овард.Чорабинӣ дар ҳошияи сафари кории Имомиддин Сатторов ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлакат оид ба тақвият бахшидани робитаҳои зичи ҳамкорӣ бо намояндагони расмӣ ва ҷамъиятии минтақаҳо, ки дар паёми навбатияшон ба МО ироа шуда буд, сурат гирифт.
-Баргузории чунин маҳфилҳо метавонад дар муарррифии фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи халқияту миллатҳои маскуни ФР саҳми муносиб гузорад, -изҳор дошт Имомиддин Сатторов, зимни баромад дар чорабинӣ.
Бояд гуфт, ки имрӯз намояндагон ҶТ низ дар баробари шаҳрвандони дигар кишварҳо дар манотиқи гуногуни ФР кору иқомат намуда, ҳам дар беҳдошти рӯзгори худ ва ҳам рушду тараққиёти хоҷагии халқи кишвари қабулкунанда саҳм мегузоранд. Ин аст, ки дастпарварони соҳаҳои илму фарҳанг санъату варзиши Тоҷикистон бо заҳмату ҳалолу натиҷаҳои назаррас дар ҷомеаи Россия мақому мартабаи хосаро касб кардаанд.
Маҳфили ҳамватанон дар Воронеж
Дар маҳфили ҳамватанон ҳамчунин намояндагони расмии маъмурияти вилоят ва шаҳри Воронеж, диаспораҳои дигар миллатҳо ширкат намуда, бо дастовардҳои Точикистони соҳибистиқлол, ки тавассути маводи видеоии пешкаш гардид, ошной пайдо карданд.
Маҳфили ҳамватанон дар Воронеж
Тавре дар паёми Президенти мамлакат таъкид шуд, аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва азхуд кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро азбар карда истодаанд.
Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди мо дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил менамоянд. Аз ин шумора дар муассисаҳои таҳсилоти олии ФР бештар аз 5 ҳазор ҷавонон бо дастгирии Ҳукумати кишвар, тавассути квотаҳои президентӣ ва барномаҳои давлатӣ бо илмомӯзӣ машғуланд. Аз ҷумла дар шаҳри Воронеж бештар 200 донишҷуи тоҷик дар бахшҳои гуногун таҳсили илм намуда, ният доранд, сохиби касбу ихтисос шуда, ба ватани маҳбуб хизмати содиқона кунанд.
Бояд гуфт, ки Имомуддин Сатторов дар доираи сафар ба Воронеж бо роҳбарияти вилоят ва шаҳр як қатор мулоқотҳои судманд анҷом дод. Масъалаҳо марбут ба дарёфти роҳҳои мутақобилан судбахши байни Тоҷикистону вилояти Воронеж дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорату савдо, сармоягузорӣ, туризму варзиш, илму фарҳанг ва муҳоҷират дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Россия бо губернатори вилояти Воронеж Алексей Гордеев мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо дарназардошти потенсиали мавҷудаи Тоҷикистон,ҷонибҳо омодагии худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ изҳор намуданд. Зимни мулоқот пешниҳоди Имомиддин Сатторов оид ба таъсиси маркази корӣ, ки имкони муаррифии потенсиали истеҳсолию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд, аз ҷониби губернатори Воронеж пазируфта шуд.
Шаҳрҳои Кӯлоб ва Воронеж пойтахтони фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 2015 эълон шудаанд. Баргузории чорабинихои муштарак дар ҳошияи ин тадбир ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар вохӯрии сафири Тоҷикистон бо мири шаҳри Воронеж Александр Гусев баррасӣ гардид.
Маҳфили ҳамватанон дар Воронеж
Масъалаҳо оид ба вазъи будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар мулоқоти сафир бо роҳбарияти РХФМ Россия дар вилояти Воронеж барраси шуд.
-Яке аз вазифаҳои муҳими намояндагии расмии Тоҷикистон дар Россия ин ҳимояи ҳуқуқу манфиатхои муҳоҷирони меҳнатӣ маҳсуб меёбад,- гуфт Имомуддин Сатторов ва афзуд, ки татбиқи меъёрҳои қонунгузории федералии оид ба танзими муҳоҷират бояд қабл аз ҳама бо дарназардошти риояи ҳуқуку манфиатҳои муҳоҷирон сурат бигирад. Намояндагони макомоти мухоҷирати вилоят оид ба вазъи муҳоҷират ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар мавсими нав маълумот доданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ