Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дар посух ба маводи хабаргузории «Озодагон» дар робита ба муроҷиати шаҳрванди ҶТ

Дар посух ба маводи хабаргузории «Озодагон» дар робита ба муроҷиати шаҳрванди ҶТ

19 март 2015, Четверг
1 163
0
Дар посух ба маводи хабаргузории «Озодагон» дар робита ба муроҷиати шаҳрванди ҶТ
Дар посух ба маводи хабаргузории «Озодагон» дар робита ба муроҷиати шаҳрванди ҶТ, Мухаммадиева Сайёра Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират изҳор медорад, ки шаҳрванд Мухаммадиева Сайёра с.т. 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе 29 январи соли 2015 бинобар вайрон кардани талаботи икомат ва фаъолияти меҳнатӣ дар ФР аз ҷониби мақомоти дахлдори Россия боздошт шуда, баъд аз судури қарори мақомоти судӣ оид ба ихроҷ ба Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии шаҳри Брянск оварда шудааст ва то ҳол дар он ҷо қарор дорад.
Сабаби тӯл кашидани мӯҳлати нигоҳдории шаҳрванд С.Мухаммадиеваро дар сӯҳбат бо Намояндагӣ масъулини марказ шарҳ дода , изҳор намуданд, ки шаҳрванд С.Муҳаммадиева бинобар норози буданаш аз қарори суд ба зинаи болой шикоят ирсол кардааст. Мувофиқи тартибот баррасии чунин шикоятҳо на камтар аз як моҳро дар бар мегирад. Бино бар суханони масъулини марказ шикояти шаҳрванд аз ҷониби суди болои низ бетағйир мондааст, аммо аз ҷониби суд дар ин бора ҳоло мактуби расмӣ ба унвони марказ нарасидааст. Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузорӣ ихроҷи шаҳрванд бидуни қарори марбутаи мақомоти судӣ амалӣ карда намешавад.
Ин ҳолатро дар сӯҳбати телефонӣ бо корманди Намояндагӣ худи С.Мухаммадиева низ тасдик кард. Ба қавли С.Мухаммадиева вай дар давоми будубоши охираш дар ФР ягон асноди иҷозатдиҳандаи фаъолияти корӣ (яъне патент ёки иҷозатномаи кор) ба расмият надароварда будааст ва маҳз ҳамин ҳолат боиси боздошташ аз ҷониби мақомоти дахлдори Россия гаштааст.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Брянск ду маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ, яке дар ноҳияи Жуковски ва дигаре дар худи шаҳри Брянск фаъолият мекунад. То санаи 19 март дар ин муассисаҳо 3 муҳоҷирзани тоҷик, бино бар сабабҳои риоя накардани қонунгузории федералӣ оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар ФР нигоҳ дошта мешаванд.
Дар маркази нигоҳдории шаҳри Брянск ҳамроҳи С.Муҳаммадиева шаҳрванди ҶТ, зодаи ш.Душанбе Ашурова Насима низ бо ҷурми қоидавайронкунии маъмурӣ мунтазири ихроҷ ба ватан аст.
Сайера Лаълбекова, муҳоҷирзани дигари тоҷик, ки дар мавод аз ӯ низ сухан рафтааст, санаи 19 феврал ба Тоҷикистон равон карда шудааст.
Дар маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии воқеъ дар ноҳияи Жуковски шаҳрванди Тоҷикистон Гафурова Шарофат нигоҳ дошта мешавад. Сабаби тӯл кашидаи мӯҳлати боздошташ он аст, ки ӯ қаблан худро ба масъулини марказ ҳамчун Гадойбоева Лайло муаррифӣ карда, ному насаби аслии хешро пинҳон доштааст.
Бояд гуфт, ки баъзан ҳамватанони мо бо сабабҳои гуногун ному насаб ва сӯроғаи аслии иқомати худро пинхон дошта, маълумоти ғайр пешниход мекунанд ва ин боиси тамдиди мӯҳлати боздошташон мегардад. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР дар ҳамкории зич бо консулгариҳои Тоҷикистон дар ФР дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик пайваста кӯшиш мекунад. Аммо дар баъзе маврид, аз ҷониби шаҳрвандони мо риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда ба мушкилот рӯбарӯ гаштани онҳо боис мешавад.
Бо истифода аз фурсат бори дигар Намояндагӣ ба ҳамватанон муроҷиат намуда, даъват мекунад, ки талаботи қонунгузории федералиро, қабл аз ҳама дар бобати меъёрхои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ қатьиян риоя намоянд. Он гоҳ метавонанд худро аз чунин мушкилот нигоҳ доранд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ