Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » 6 НОЯБР – ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

6 НОЯБР – ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

28 октябрь 2013, Понедельник
9 976
0
6 НОЯБР – ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дар асоси карори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Москва, бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вокеъ дар паскучаи Гранатный, 13 ва хамчунин дар шахрхои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний-Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеренбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовещенск, Новосибирск, Самара, Пермь, Кишвари Хабаровск, Ҷумҳурии Саха (Якутия) участкахои интихоботи кушода хоханд шуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки чуноне пештар иттилоъ дода будем, тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 баргузор мегардад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирок ва овоздихии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Россия, ки бо таври доимӣ, ё муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баъди эълони санаи баргузории интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ин чониб бо макомоти расмии кишвари икомат мунтазам дар иртибот аст. Ахиран, ба дархости расмии Сафорат аз Вазорати корхои хоричии Федератсияи Россия посух расид, ки чониби кишвари икомат чихати баргузории ин маъракаи мухими сиёсии мо дар каламрави Федератсияи Россия тамоми шароитро мухайё намуда, хамачониба мусоидат хохад намуд. Ба таквияти ин суханон бояд гуфт, ки дар ин муддат то ин чониб кулли рохбарият ва намояндагони масъули макомотхои расмии шахру вилоятхои кишвари икомат бо Сафорат дар тамос буда, мунтазам дар халли масъалахои марбута бо мо машварат доранд. Хамчунин, дар ин замина Сафорат бо аъзои Шурои чамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ташкилотхои чамъиятии точикон ва созмонхои хифзи хукуки мухочирон дар иртибот буда, сари ин мавзуъ кор мебарад.
Аз ин ру, дар асоси карори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Москва, бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вокеъ дар паскучаи Гранатный, 13 ва хамчунин дар шахрхои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний-Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеренбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовещенск, Новосибирск, Самара, Пермь, Кишвари Хабаровск, Ҷумҳурии Саха (Якутия) участкахои интихоботи кушода хоханд шуд.
Дар хамаи ин участкахои номбаршуда маросими овоздихи аз соати 6.00 то 20.00 вакти махалли баргузор мегардад. Дар ин фосилаи вакти муаяйншуда шахрвандони Чумхурии Точикистонро, ки бо таври доимӣ, ё муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, лозим аст ба участкаи интихоботии наздиктарин хозир шуда, райъ диханд. Хангоми омадан ба участкаи интихоботи бо худ доштани шиносномаи дохили ва ё хоричии шахрванди Чумхурии Точикистон хатмист.
Бо назардошти он ки вактхои ахир дар атрофи масоили будубоши шахрвандони хоричи, бахусус мухочирони мехнати дар кишвари икомат вазъият ва холатхои вазнин ба миён омада истодаанд, Сафорат бо дарки ин нукта, аз хамватаноне, ки имконияти шахсан омадан ба участкахои интихоботиро надоранд, хохиш менамояд, ки чойи дастачамъонаи зист ва кори худ ва хамрохонашонро ба комиссияхои интихоботии участкави муайян намоянд. Дар ин сурат, комиссияи интихоботии участкави аз руйи имконият, агар лозим ояд, намояндагони худро бо куттихои сайёри интихоботи ба ин чойхо равон хохад кард.
Ногуфта намонад, ки дар катори доштани хукуки интихоб кардан ва ё интихоб шудан, вазифаи шахрвандии мо низ аст, ки дар чунин маъракахои мухими сиёси, аз чумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан иштирок намоем ва овоз дихем. Бинобар ин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз хамаи шумоён эхтиромона хохиш дорад дар ин чорабинии мухим фаъолона иштирок намоед.
Ёдовар мешавем, ки дар интихобот 6 номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниход шудаанд: аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон; аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Бухориев Толибек Ахмадович; аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Бобоев Олимчон; аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдухалим; аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон Исмонов Cаидчаъфар Исмонович; аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Талбаков Исмоил Иброимович.
ШИНОС ШАВЕД: номзадхо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омўзишгоҳи касбию техники № 40- и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар корхонаи равғанкашии шаҳри Қурғонтеппа шурўъ намудааст.
Солҳои 1971- 1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.
Соли 1982 факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.
Солҳои 1976- 1987 дар вазифаи котиби раёсат, Раиси иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.
Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.
Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси кумитаи иҷроияи Шўрои намояндагони халқи вилояти Кўлоб интихоб гардид.
19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мўҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Каҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.
Оиладор ва соҳиби нўҳ фарзанд аст.
БУХОРИЕВ ТОЛИБЕК АҲМАДОВИЧ
Бухориев Толибек Аҳмадович 3 сентябри соли 1954 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар ҳамин ноҳия хатм намуда, соли 1973 ба факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1978 бо ихтисоси агроном - олим хатм кардааст. Баъди хатми Донишгоҳ дар вазифаҳои лаборанти калони шуъбаи селексия ва тухмипарварии пахтаи Институти илмию таҳқиқотии зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва баъдан муаллими Техникуми политехникии ш.Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Соли 1979 ба ҳайси ходими хурди илмии кафедраи хокшиносӣ ва агрокимиёи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон кор карда, соли 1980 ба шуъбаи рўзонаи аспирантураи ИХҚТ дохил мешавад ва рисолаи номзади илмҳои хоҷагии қишлоқро соли 1985 дифоъ менамояд. Солҳои 1983 - 1990 дар кафедраи растанипарварии институти мазкур ба ҳайси ассистент, омўзгори калон ва солҳои 1990 – 1993 ба сифати дотсенти кафедраи мазкур фаъолият намудааст.
Бухориев Т.А. соли 1993 ба шуъбаи рўзонаи докторантураи Академияи кишоварзии ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва дохил шуда, соли 1997 рисолаи доктори илмҳои кишоварзиро бомуваффақият ҳимоя менамояд.
Солҳои 1997 - 2001 мудири кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ба дўш доштааст. Аз моҳи апрели соли 2001 то 22 феврали соли 2008 дар вазифаи директори генералии Иттиҳодияи илмии истеҳсолии «Зироаткор» - АИКТ кор ва фаъолият намудааст.
Аз моҳи феврали соли 2008 ин ҷониб дар вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад. Соли 2001ба унвони узви вобаста ва соли 2009 академики Академияи илмҳои кишоварзӣ мушарраф гардидааст.
Дар конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок ва маъруза намуда, илми кишоварзии ҷумҳуриро муаррифӣ намудааст. Муаллифи зиёда аз 100 номгўи мақолаву китоб ва 8 навъи зироати кишоварзи буда, дар соҳаи илми кишоварзӣ саҳми босазо гузошта шогирдони зиёдеро низ тарбият намудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

БОБОЕВ ОЛИМЧОН
Бобоев Олимҷон 5 январи соли 1952 дар оилаи омӯзгори фанни риёзӣ, дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 1967 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба шӯъбаи «Иқтисод ва ташкили нақлиёти автомобилӣ» дохил шуда, онро соли 1972 хатм намуда, дар донишкадаи мазкур ба сифати ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» то соли 1975 фаъолият намудааст.
Аз соли 1975 то соли 1979 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти идораи давлатии Москва айни ҳол Донишгоҳи идории давлатии Москва, таҳсил намуда, рисолаи номзадиро дар мавзўи «Тадбирҳои баланд бардоштани дараҷаи ташкилию техникии корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ» дифоъ менамояд.
Аз соли 1979 то соли 1991 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедра фаъолият намуда, дар ин марҳала як қатор корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба анҷом расонидааст. Таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Бобоев Олимҷон як силсила тадқиқотҳо оид ба такмили шабакаи хатҳои сайри нақлиёти мусофирбари дохилишаҳрии шаҳрҳои Душанбе (1984-1985), Хуҷанд (1983), Қӯрғонтеппа -Калининобод (1984), хизматрасонии нақлиёти технологии Иттиҳодияи истеҳсолии «Заря Восток» - и ш.Табошар (1991-1992) ба анҷом расида буд, ки татбиқи натиҷаҳои илмии ин тадқиқотҳо ба иқтисодиёт ва аҳолии ин шаҳрҳо фоидаи калони иқисодию иҷтимоӣ овардаанд.
Солҳои 1991-1993 дар докторантураи рӯзонаи Пажӯҳшгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳсил намуда, дар мавзӯи «Методологияи мутобиқгардонии корхонаҳои саноатӣ ба шароити иқтисоди бозорӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба гирифтани унвони илмии доктори илми иқтисод мушараф гардидааст..
Пайваста дар амал татбиқ гардидани натиҷаҳои илмии ин олими шинохтаи риштаи иқтисод боиси рўз ба рўз баланд гардидани обрую эътибори устод дар доираи илмии мамлакат ва берун аз он мегардад. Соли 1995 аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Руссия ба гирифтани унвони профессори фанни тиҷорат ва бозорёбӣ мушараф мегардад.
Бобоев Олимҷон роҳбари лаёқатманд, ташкилотчии хуби ҷараёни истеҳсолот, илм ва маорифи ҷумҳурӣ мебошад. Солҳои 1994-2000 ҳамчун ректор таҳти роҳбарии ӯ Донишкадаи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон аз як филиали хурд, то ба дараҷаи муассисаи олии бонуфузи ҷумҳурӣ ташаккул ёфт. Дар ин солҳо омўзондани кадрҳои иқтисоди бозорӣ аз рӯи сенздаҳ ихтисосҳои нав ба роҳ монда шуданд, ки бисёре аз хатмкунандагони он имрузҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва беоун аз кишвар фаъолият менамоянд.
Хизматҳои шоёни Олимҷон Бобоев дар ин марҳала, аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) қадр гардидааст.
Бо ташаббуси ӯ ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии наќлиёт» (2000) ва «Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон» (2003) таъсис дода шуд, ки роҳбарии ин муассисаҳо ба ӯҳдаи Бобоев Олимҷон гузошт шуда буд. Дар ин донишкада боз нӯҳ ихтисоси нав дар соҳаҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилу роҳсозӣ таъсис дода шудаанд.
Солҳои 2009-2010 Бобоев Олимҷон ба ҳайси ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таъин шуда, дар ин муссиса ҳам боз чор ихтисоси нави замонавӣ мекушояд ва ба тайёркунии кадрҳои замонавӣ оғоз мебахшад.
Бобоев Олимҷон солҳои 2008-2009 дар вазифаи муовин ва солҳои 2010-2011 дар вазифаи вазири нақлиёт ва коммуниктсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2011 то ҳол дар мансаби директори Институти иқтисод ва демографияи Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа мекунад.
Соли 2001 академики Академияи байналхалқии нақлиёт (Руссия) интихоб гардидааст. Зиёда аз 100 асру мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ ба чоп расонидааст.
Бобоев Олимҷон соли 1990 номзад ба намояндагии парлумони кишвар аз ҳавзи интихоботии Алмосии н.Ҳисор пешниҳод шудааст; соли 2005 намояндаи халқи ш.Душанбе дар маҷлиси шаҳрӣ интихоб гардидааст. Соли 2005 дар Анҷумани якуми Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон раиси хизб интихоб гардида, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба ҳайси номзад ба ин мансаби Олӣ иштирок намудааст.
Оиладор. Панҷ фарзанд дорад.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров 24.12.1951 дар деҳаи Кулолии ҷамоати Рудакии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд аз оилаи деҳқон ба дунё омадааст
Соли 1958 ба мактаби миёнаи №7 ба номи Рўдакӣ дохил шуда, соли 1968 онро бо муваффақият хатм кардааст. Аз соли 1968 ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳозир С.Айнӣ) дохил шуда, соли 1972 онро хатм кардааст.
Нахустин фаъолияти эҷодии худро аз лаборанти калони шўъбаи фалсафаи А.У.Тоҷикистон оғоз намуда, соли 1973 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳодияи Шуравӣ дар вилояти Новгород адои вазифа кардааст.
Аз соли 1975 дар кафедраи марксизм- ленинизм ва таърихи КПСС-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон кор карда, соли 1982 то соли 1986 дар Ҷумҳурии Демократии Афгонистон вазифаи интернасионалистии худро иҷро намуда, аз соли 1986 то соли 2002 дар кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода фаъолият кардааст.
Соли 1997 рисолаи номзадии хешро дар мавзўи «Роли коллективҳои истеҳсоли дар тарбияи муносибати коммунистӣ мактаббачагони синни калони мактаб бо меҳнат»-ро дифоъ намудааст.
Соли 2002 муовини аввали ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, соли 2004 то 06/12/2006 мутахасиси пешбари шўъбаи забони Вазорати маорифи ҶТ ва аз 06.12.2006 то соли 2011 Сардори Маркази такмили ихтисоси кормандони мактабҳои олии Донишгоҳи миллии Тоxикистон буд.
Аз 04.03.2011 то ҳозир Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ мебошад. А.Uаффоров аз соли 1998 то 2004 Раиси Кумитаи Иxроияи ҲСТ-ро дар дўш дошт.
Соли 2004 дар Анҷумани V ғайринавбатии ҲСТ раиси Кумитаи Иxроияи Марказии ҲСТ интихоб гардид. Соли 2006 аз тарафи ҳизб номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоxикистон буд.
Абдуҳалим Ғаффоров муаллифи 8 дастури методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ-методӣ буда, тарҷумаи «Ванга» ва «Таронаҳои Билитис» ба қалами ў дахл доранд.
Ғаффоров А. бо медали «Барои шуҷоат», «5-10-20 солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ», «Барои дифоъи Москва» «За ротную доблесть» 130 солагии Сталин, Ифтихорномаи Консули Генералии СССР дар Мазори Шариф, «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Нишони Ҷанговари интернасионалист», «Ветеран боевых действий», «20 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон», «20солаги баровардани Қувваҳои Советb аз Афгонистон» мукофонида шудааст.

Исмонов Саидҷаъфар Исмонович
Ман, Исмонов Саидҷаъфар Исмонович 4 ноябри соли 1960 дар деҳшўрои Ватани ноҳияи Фархор дар оилаи омўзгор таваллуд шудаам.
Аз моҳи сентябри соли 1967 то моҳи июни соли 1977 дар мактаби миёнаи №5 ба номи Калинини ноҳияи Фархор таҳсил намудаам.
СОБИҚАИ КОРӢ:
1. 11.1977 – 07.1978 - Коргузори мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Фархор
2. 09.1978–09.1983 - Донишҷўи факултаи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон
3. 11.1983-11.1984 - Иқтисодчии бонки сохтмонии вилояти Қурғонтеппа
4. 11.1984–01.1989 – Корманди Кумитаи комсомоли шаҳр ва вилоятии вилояти Қўрғонтеппа
5. 01.1989-10.1991 – Нозири Кумитаи назорати халқии шаҳри Қўрғонтеппа
6. 10.1991–05.1992 – Раиси кооперативи истеҳсолии «Хатлон»-и ноҳияи Ховалинг
7. 07.1992–04.1996 – Хизмат дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. 04.1996-05.1997 – Мудири шўъбаи Иттифоқи ҷавонони шаҳри Душанбе
9. 05.1997-08.1999 – Сардори идораи коргузории Бонки Миллии Тоҷикистон
10. 09.1999-01.2002- Директори маркази техникии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. 01.2002–09.2002 – Хизмат дар Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. 09.2002 -02.2004 – Сардори полиси андози шаҳри Турсунзода
13. 03.2004 -12.2006 – Ноиби ректори Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон
14. 12.2006 -12.2012 – Соҳибкор
15. 12.2012 то имрўз – Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон
Соли 2001 рисолаи номзади илмҳои иқтисодиро дар мавзўи «Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар шароити бозаргонӣ, дар ҳолати зиёд будани қувваи корӣ»-ро ҳимоя кардам.

ХЕШОВАНДОНИ НАЗДИКИ МАН:
Завҷаам – Исмонова (Разакова) Гулнора Тухтаевна – соли 1967 дар шаҳри Қўрғонтеппа таваллуд шудааст, хонашин, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.
Духтарам – Фарангис Саидҷаъфарӣ – соли 1986 дар шаҳри Қўрғонтеппа таваллуд шудааст, хонашин дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.
Писарам – Фаромуз Саидҷаъфарӣ – соли 1991 дар шаҳри Қўрғонтеппа таваллуд шудааст, донишҷўи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Руссия мебошад.
Писарам – Комрон Саидҷаъфарӣ – соли 1994 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, донишҷўи Донишгоҳи Молявии Вазорати молияи Тоҷикистон мебошад.
Писарам – Каюмарс Саидҷаъфарӣ – соли 1995 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, донишҷўи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Руссия мебошад.
Писарам – Шомирсай Саидҷаъфарӣ – соли 2000 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, толибилми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 9 ба номи Низомии Ганҷавӣ мебошад.
Писарам – Каён Саидҷаъфарӣ – соли 2002 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, толибилми гимназия интернати Тоҷикистону Руссия «Хотам ва ПВ» мебошад.
Писарам – Арш Саидҷаъфарӣ – соли 2004 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, толибилми гимназия интернати Тоҷикистону Руссия «Ҳотам ва ПВ» мебошад.
Ман ва хешовандони наздики ман доғи судӣ надорем, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудаем. Хешовандони наздики ман дар хориҷи кишвар зиндагӣ намекунанд .
Ман бо аҳли оилаам дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 14, ҳуҷраи 28 зиндагӣ мекунам.
Талбаков Исмоил Иброимович
Ман Талбаков Исмоил Иброимович 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет, вилояти Кўлоб дар оилаи коргар таваллуд ёфтаам.
Падарам Талбаков Иброим соли 1932 дар деҳаи Қайчуваки ноҳияи Восеъ таваллуд ёфта, ронанда шуда кор мекард.
Модарам Шарипова Ойҷамол соли 1933 дар деҳаи Ҳасанбегӣ, ноҳияи Совет таваллуд ёфта, коргар буд.
Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 1 ноҳияи Темурмалик (Совет)- ро хатм намуда, ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон факултаи иқтисодиёт дохил шуда, онро соли 1976 бо гирифтани ихтисоси иқтисодчӣ ба итмом расонидам. Баъди хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дар идораи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Темурмалик (Совет) ба сифати сариқтисодчӣ то соли 1980 кор кардам. Аз соли 1979 то соли 1991 аъзои Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ буда, аз соли 1991 то инҷониб аъзои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон мебошам.
Соли 1980 ба кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик (Совет) ҲКТ ҳамчун инструктор ба кор гузашт то соли 1981 кор кардам. Аз соли 1981 то соли 1983 дар қисми ҳарбии 22451 Округи ҳарбии Осиёи Миёнаи ордени Байрақи Сурхдори Вазорати дифои ИҶШС дар вазифаи ҷонишини командири рота оид ба қисми сиёсӣ хизмат намудам.
Аз соли 1983 то соли 1990 дар кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалики (Совети) ҲКТ дар вазифаҳои инструктор, мудири шўъбаи ташкилӣ ва котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳиявии ҲКТ ва инструктори шуъбаи корҳои ташкили - ҳизбии кумитаи вилоятии Кўлобии ҲКТ адои вазифа намудам. Аз соли 1990 то 1993 дар вазифаи котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик (Совет) ҲКТ кор кардам.
Аз соли 1993 то соли 2000 котиби якўми кумитаи ҳизбии минтақавии Кўлоби ҲКТ шуда кор кардам.
Аз соли 2000 то соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда ҳамчун узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия фаъолият намуда, ҳамзамон муовини раиси фраксияи ҲКТ-ро дар Парлумон ба ўҳда доштам. Ҳамчунин, узви кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои иқтисод, илм, технология ва муҳит дар Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо будам.
Соли 2005 бори дуюм вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон интихоб шуда ба ҳайси аъзои Кумита оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андоз фаъолият доштам.
Соли 2005 дар Пленуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон котиби Кумитаи Марказии ҲКТ интихоб шуда то ҳол фаъолият дорам.
Анҷумани XXVII ҲКТ аз 23.09.06 номзадии манро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд.
Соли 2010 бори сеюм вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Коммунистии
Тоҷикистон интихоб шуда то ҳол ба ҳайси аъзои Кумита оид ба иқтисод ва молия фаъолият мекунам.
Ҳамзамон муовини раиси Комиссияи иқтисодӣ-иҷтимоии Созмони Амнияти Дастаҷамии Ассамблеяи байни парлумонии ИДМ мебошам.
Анҷумани XXХ-уми(ғайри навбатии) ҲКТ аз 23.09.06 номзадии манро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошам.
Худам ва ягон нафар аз хешовандони наздикам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ва ё суд ҳам нашудаанд.
PS: Бо бо барномахои пешазинтихоботии номзадхо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонед дар сомонаи расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тахти ин нишонаhttp://tj.kmir.tj/pages/48 ошно шавед.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ