Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрии ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Вохӯрии ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ

14 октябрь 2015, Среда
907
0
Вохӯрии ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Санаи 10 октябри соли 2015 бо мусоидати Намояндагӣ як чанд вохурию мулоқоти ҷавонони фаъоли гуруҳи “Пешоҳанг”, бо роҳбарияти ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни ФР ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ташкил ва гузаронида шуд.
Бояд гуфт, ки ба гуруҳи ҷавонони фаъол намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, донишҷуён ва кормандони ВАО-и Тоҷикистон шомил буда, аз тарафи Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арзмшҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва хусусан пешгирӣ намудани паҳншавии ақидаҳои бегона, аз қабили ифротгароиву радикалӣ миёни муҳоҷирони ҷавон ба ФР сафарбар шудаанд. 10 октябри соли 2015 дар бинои Меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистан дар шаҳри Москва бо мусоидати Намояндагӣ вохурии ҷавонони фаъол бо роҳбари ташкилоти “Миграция и закон” Гавҳар Ҷӯраева ташкил ва гузаронида шуд.
Вохӯрии ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Дар рафти мулоқот масоили вобаста ба вазъи муҳоҷират, проблемаву мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҳолатҳои ба гуруҳҳои ифротгаро ва радикалӣ пайватани бархе аз муҳоҷирони ҷавон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Ҳамчунин нимаи дуюми ҳамон руз Намояндагӣ вохурии намояндагони гуруҳи “Пешоҳанг”-ро бо муҳоҷирони тоҷик дар бозору марказҳои савдои “Садовод” ва “Люблино” –и шаҳри Москва ташкил ва баргузор намуд. Дар мулоқот, ки бештар аз 300 нафар ҷавонони муҳоҷир ширкат намуданд, дар баробари масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷират ба масоили пешгирӣ намудани гароиши ҷавонони тоҷик ба сафи гуруҳҳои ифротию радикалӣ баррасӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки чунин вохуриҳои гуруҳи “Пешиоҳанг” дар вилояти Твер, Краснодар ва дигар минтақаҳо низ бо донишҷуён ва ҷавонони муҳоҷири тоҷик ба назар гирифта шудааст.
Вохӯрии ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Бояд гуфт, ки масъалаи пешгирӣ намудани пайвастшавии муҳоҷирони ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову радикалӣ дар ҳудуди ФР дар маркази таваҷҷуҳи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират қарор дорад. Азбаски қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҷавонон ташкил менамоянд аз ҷониби Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия дар 9 моҳи соли равон бо иштироки муҳоҷирон меҳнатӣ, бахусус ҷавонони тоҷик 68 мулоқоту вохурӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он оқибатҳои ногувори пайвастшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, таъсири ин падидаи номатлуб ба раванди муҳоҷират дар кишвари қабулкунанда ва дигар масъалаҳо марбут ба ҳамин мавзуъ баррасӣ гардиданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ