Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Кумаки ҳуқуқии Намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ

Кумаки ҳуқуқии Намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ

14 апрель 2016, Четверг
1 185
0
Кумаки ҳуқуқии Намояндагӣ  ба муҳоҷирони меҳнатӣ
Cанаи 02.04.2016 дар асосаи муроҷиати телефонии мухочирони мехнати муайян гардид, ки шаҳрвандони Ҷумуҳурии Тоҷикистон Давлатов Меҳроҷиддин, Давлатов Сафархон ва Некрузи Ятимзода дар шӯбаи полиси вокеъ дар сургаи Вернадский 1 шахри Москва аз сабаби бо худ надоштани ҳуҷҷатҳои буду боши ва ғайриқонуни машғул гардидан ба фаъолияти меҳнатӣ, муддати 3-шабонарӯзи нигоҳ дошта шудаанд.
Аз тарафи кормандони Намояндагӣ санаи мазкур соати 21-00 дақиқа ба суроғаи мазкур сафарбаргирдида бо сардори қисми навбатдории шӯъбаи полис мулоқот гузарониданд. Маълум гардид, ки вокеъан бо сабабхои зикршуда мухочирони мехнати муваккатан нигох дошта мешаванд. Дар натиҷа баъди мулоқот санаи 03.04.2016 сол муҳоҷирони меҳнатӣ аз шӯбаи полиси мазкур озод карда шуданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ