Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохурии Намояндаги бо сохтмончиёни точик

Вохурии Намояндаги бо сохтмончиёни точик

07 май 2016, Суббота
1 160
0
Вохурии Намояндаги бо сохтмончиёни точик
Вохурию мулоқотҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар робита ба фаҳмонидани моҳияту аҳамияти раъйпурсии дар пешистода дар манотиқи гуногуни Россия идома дорад.
Санаи 5 майи соли равон дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Москва, воқеъ дар кучаи Митнаяи ноҳияи Даниловский вохурии кормандони Намояндагӣ бо муҳочирони меҳнатии тоҷик баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ба сохтмончиёни тоҷик моҳияту аҳамияти раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 май баргузор мешавад, шарҳ дода шуд. Зикр шуд, ки такмили меъёрҳои қонунгузорӣ, ба хусус дар раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрванди омили ногузир ва тақозои давр мебошад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандуст дар чунин дигаргуниҳои муҳим бетараф набошад.
Бояд гуфт, ки дар сохтмон мазкур дар ҳайати 4 ширкати сохтмонии пудратчӣ наздики 200 муҳоҷири тоҷик ба ҳайси гиштчин, васлгар, кафшергар, кранчӣ, ронанда ва дигар ихтисосҳои сохтмонӣ фаъолият дорад. Дар ҳуҳуди сохтмон барои коргарон мавзеи муайян таъсис дода шудааст, ки дар он хобгоҳ, ошхона ва ҷойи оббозӣ фаъолият мекунад.
Дар навбати худ муҳочирони тоҷик аз ин чорабинии муҳим истиқбол карда, изҳор доштанд, ки рузи раъйпурсӣ дастаҷамъона ба ббинои Сафорати Тоҷикистон омада, мавқеи худро муайян месозанд.
Дар интиҳои суҳбат кормандони Намояндагӣ доир ба дигаргуниҳои қонунгузории кишвари иқомат низ маълумот доданд. Таъкид шуд, ки дар мавриди зарурӣ муҳочирон метавонанд бо масъалаҳои гунигун барои гирифтани кумаку маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Вохурихои Намояндаги вобаста ба иштироки фаъоли муҳочирони меҳнатии тоҷик дар раъйпурӣ дар манотиқи дигари Россия низ идома дорад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ