Вохурии рохбари Намояндаги бо фаъолон ва сардорони бригадахои мухочирон оид ба раъйпурси

Категория: Новости
Вохурии рохбари Намояндаги бо фаъолон ва сардорони бригадахои мухочирон оид ба раъйпурси
Санаи 5 майи соли 2016 дар доираи тадбирҳо оид ба таблиғу даъвати ҳамватанон дар раъйпурсии умумихалқии оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ Намояндагӣ бо ҳамроҳии Сафорати ҶТ дар ФР дар яке аз марказҳои тиҷоратии ш. Москва вохӯрӣ анҷом дод, ки дар он бештар аз 200 нафар фаъолон ва сардорони бригадаҳои сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва тоҷирон ширкат варзиданд. Зимни баромад роҳбари Намояндагӣ Мирзозода З.Т. доир ба аҳамият ва зарурати раъйпурсӣ муфассал маълумот дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки такмили меъёрҳои қонунгузорӣ ва Конститутсия дар ҷараёни ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ омили муҳим ба тақозои давр аст. Бидуни такмилсозии меъёрҳои қонунгузорӣ дар шароити феълӣ наметавон рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи чомеаро таъмин сохт.
Вохурии рохбари Намояндаги бо фаъолон ва сардорони бригадахои мухочирон оид ба раъйпурси Мирзозода З.Т. аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки иштироки ҳар як фарди худогоҳ дар ин чорабинии барои ҷомеаву давлат муҳим нишонаи садоқат ба ватан ва масъулиятшиносӣ дар пешрафту тараққиёти ватани азиз мебошад. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ котиби матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР Сарвар Бахтӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар навбати худ иштирокдорони вохӯрӣ омодагии иштироки фаъоли худро дар раъйпурсӣ изҳор намуданд. Дар интиҳои вохӯрӣ ба иштирокдорон нашри махсуси рӯзномаи “Тоҷикони Россия”, ки дар он шарҳи муфассали тағийру иловаҳо ба Конститутсия дарҷ ёфтааст ва варақаҳои таблиғотӣ барои иштирок дар раъйпурсӣ тақсим карда шуд.
Вохурии рохбари Намояндаги бо фаъолон ва сардорони бригадахои мухочирон оид ба раъйпурси
Ҳамчунин, рафти мулоқот ва натиҷаҳои он аз ҷониби намояндагони шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” сабт гардида, тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ пахш карда мешаванд.

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо зайти на сайт под своим именем.