Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохурии Намояндаги бо мухочирони точик дар Подолск

Вохурии Намояндаги бо мухочирони точик дар Подолск

10 май 2016, Вторник
1 901
0
Вохурии Намояндаги бо мухочирони точик дар Подолск
Дар доираи тадбирҳо вобаста ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҳамватанон санаи 7 майи соли 2016 дар шаҳри Подолски вилояти Москва кормандони Намояндагӣ бо гуруҳи муҳоҷирони тоҷик мулоқот анҷом доданд. Дар вохурӣ бештар аз 60 муҳоҷири тоҷик, ки дар ширкатҳои сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва тиҷорату савдо кору фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Ба иттилои яке аз фаъолони муҳочирони тоҷик, дар шаҳри Подолск ва деҳоти атрофи он дар мавсими корӣ шумораи шаҳрвандони тоҷик ба 2000 нафар мерасад. Муҳоҷирони тоҷик, асосан бо корҳои сохтмонӣ, хизматрасонӣ, ронандагӣ ва тиҷорату савдо машғуланд.
Намояндагӣ ба иштирокдорони вохурӣ оид ба зарурату моҳияти райъпурсии умумихалқӣ, ки санаи 22 май баргузор мегардад, маълумоти муфассал дода, ба паҳлуҳои гуногуни ин масъалаи муҳим равшанӣ андохтанд. Дар хотимаи вохури Намояндагӣ бо фаъолони муҳоҷирон маслиҳат карданд, ки рузи раъйпурсӣ аз шаҳри Подолск ду автобус 50-60 нафарӣ барои иштирок дар раъйпурсӣ ташкил карда мешавад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ