Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохурии Намояндагӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар масҷиди чомеъи Москва

Вохурии Намояндагӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар масҷиди чомеъи Москва

11 май 2016, Среда
1 067
0
Вохурии Намояндагӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар масҷиди чомеъи Москва
Санаи 6 майи соли 2016 кормандони Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони Сафорати ҶТ дар ФР бо муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони тоҷик дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Москва воқеъ дар проспект Мира вобаста ба фаҳмонидани моҳияту аҳамияти раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ баргузор намуданд.
Мақсади асосии дар масҷиди ҷомеъ доир намудани мулоқоти мазкур дар онаст, ки дар шаҳри Москва ва атрофи он яку якбора ҷамъ овардани шумораи зиёди муҳоҷирон дар масҷид хеле қулай мебошад. Муҳочирони тоҷик дар шаҳри Москва дар сохтмонҳо, бозорҳо, корхонаву муассисаҳои гуногун, ҳамчунин ба сифати ронандагони такси ва маршруткаҳо кору фаъолият доранд ва рӯзи ҷумъа аксарияти онҳо барои адои намоз ба масҷиди марказии шаҳри Москва ҷамъ меоянд. Ва маҳз аз ин сабаб Намояндагӣ дар баробари марказҳои тиҷоратӣ, майдонҳои сохтмонӣ ва дигар мавзеҳои таҷаммӯи муҳоҷирони меҳнатӣ вохурии навбатиро дар масҷиди ҷомеи шаҳри Москва баргузор намуд.
Қабл аз вохурӣ бо муҳочирон Намояндагӣ бо имом хатиби масҷид Илдар Аляутдинов мулоқот намуда, вобаста ба шароиту имкониятҳо барои намозгузорон, бахусус муҳоҷирони тоҷик суҳбат гузаронд. Мувофиқи иттилои Илдар Аляутдинов ба ҳисоби миёна рузҳои ҷумъа барои адои намоз аз 8 то 10 ҳазор нафар ҷамъ меоянд. Бо хоҳиши Намояндагӣ баъди адои намоз имом хатиби масҷид эълон кард, ки санаи 22 майи соли равон барои шаҳрвандони Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мегардад ва кормандони Намояндагӣ ва Сафорати Тоҷикистон вобаста ба фаҳмонидани аҳамияту зарурати ин чорабинӣ омодаанд бо шаҳрвандони Тоҷикистон вохурӣ кунанд.
Баъди эълони вохурӣ бештар аз 1200 шаҳрвандони тоҷик ҷамъ омада, доир ба аҳамияту зарурати раъйпурсӣ маълумот гирифтанд. Дар рафти вохурӣ кулли Намояндагӣ кулли шаҳрвандони тоҷикро барои иштироки фаъол ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ даъват намуда, ба аксарияти онҳо нашри махсуси рузномаи “Тоҷикони Россия”, ки дар он шарҳу тавзеҳоти раъйпурсии мазкур дарҷ шудааст, тақсим карданд. Ҳамчунин ба муҳоҷирони тоҷик варақаҳои махсуси таблиғотӣ низ тақсим гардид, ки дар он маълумоти муфассал оид ба сана ва тартиби раъйдиҳӣ, инчунин суроғаи баргузории ин чорабинӣ дар шаҳри Москва инъикос шудааст. Муҳоҷирон аз мулоқоти мазкур миннатдорӣ баён намуда, вобаста ба мақсаду мароми чорабинӣ ба кормандони Намояндагӣ саволҳо доданд.
Зикр шуд, ки тагйироту иловаҳои мазкур ба Сарқонуни ҶТ тақозои давру замон буда, ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти сийсию иҷтимоии кишвар заминаи боэътимод хоҳад гузошт.
Мулоқоту вохуриҳои Намояндагӣ дар манотиқи дигари Россия низ идома дорад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ