Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Иди рамазон

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Иди рамазон

05 июль 2016, Вторник
1 171
0
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Иди рамазон
Ҳамватанони гиромӣ!
Фардо моҳи шарифи рамазон поён меёбад ва иди саиди Фитр фаро мерасад.
Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар осоишу ободӣ ва хайру баракат орзу менамоям.
Мардуми Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ба эҳёи суннату анъанаҳои неки гузашта ва таҷлили иду маросим ва анъанаву суннатҳои милливу динӣ муяссар гардиданд.
Ва ҳар ҷашну маросим ва суннати неки аз ниёгон ба ёдгормонда, ки аз умқи таърих бо беҳтарин хислату арзишҳои инсонӣ ва ҳамроҳ бо рӯҳи устувори миллатамон то ба рӯзгори мо расидааст, нишонаи фарҳанги пурғановат ва рамзи орзуву ормонҳои халқи бостониву фарҳангсолорамон мебошад.
Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ — сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд.
Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, аз ҷумла ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд ва ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд.
Одамон иди саиди Фитрро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом — рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек истиқбол мегиранд ва кӯшиш мекунанд, ки хурсандии идона насиби ҳама бошад ва файзу савоби он низ ба ҳама баробар расад.
Зеро Худованд пас аз як моҳи имтиҳону омурзиш ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи хурсандиву шодӣ ва шафқату меҳрубонӣ муқаррар кардааст.
Моҳи Рамазон рамзи ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа буда, дар масири садсолаҳо дар амри тақвияти эҳсоси дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар байни мардум нақши арзишманд бозидааст.
Ин моҳ ва иди саиди он одамонро ба иҷрои корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқи ҳамида ва дароз кардани дасти кумаку ёрмандӣ ба якдигар роҳнамоӣ месозад.
Дар ин рӯзи саид аз Парвардигори олам барои мардум ва кишвари худ оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии ҳамдигар ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми мусулмони мост.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳамчун пайравони дини поку мубини ислом, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон сулҳу субот, амнияту ободӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ ва зиндагии орому осударо сидқан орзу намоем.
Ва ба даргоҳи Худованд дуо кунем, ки то моҳу иди Рамазони дигар кишвари биҳиштосо ва мардуми шарифи моро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад.
Дар шароити давлати озоди демократӣ ва дунявӣ мо имрӯз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро, бахусус, доир ба тарғиби дӯстиву муҳаббат ва кумаку дастгирии байниҳамдигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.
Расидан ба қадри неъмат ва ба ҷо овардани шукронаи он аз ҷумлаи фазилату ҳикматҳои ҷовидонии фарҳанги милливу динии мардуми куҳанбунёди мо мебошад.
Яъне ҳамаи маросиму ойинҳои миллии мо, ба шумули иди саиди Фитр бароямон рамзи барҷастаи шукрона аз неъматҳои истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, оромиву ободии кишвар ва аз рӯйи имону эътиқод дӯст доштани Ватан ба шумор мераванд.
Дар ҳақиқат, бузургтарин дастоварди миллату давлати мо, ки албатта, сазовору арзандаи ҳама гуна шукргузорӣ ва қадршиносист, истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мебошад.
Зеро маҳз ба туфайли он халқи Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки Ватани хешро бо дасти худ ва бо заҳмати софдилонаи хеш обод гардонад.
Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бо нангу номус дар рӯзҳои иду айём ва ҳамеша бо дарназардошти суннатҳои неки аҷдодӣ ва дар асоси фармудаҳои дини ислом барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ободиву оромии Ватани озодамон ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик кӯшиш менамояд.
Ҳар фарди мусулмони мамлакат бояд дар доираи имкон ба шукронаи неъматҳои атокардаи Худованд, аз ҷумла зиндагии орому осудае, ки имрӯз насиби сокинони кишвари соҳибистиқлоламон гардидааст, доим барои анҷом додани амалҳои солеҳу шоиста талош намояд.
Масалан, ҳар як инсони савобҷӯ метавонад дар арафаи иди саиди Фитр ва дар рӯзи ид то адои намоз хайри худро ба бародарону хоҳарон ва хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонида, соҳиби савобу самараи дучанд гардад.
Зеро тибқи фармудаҳои Қуръони маҷид ва пайғамбари ислом маҳз чунин шахсон ба қабули хайру садақа ҳақ доранд.
Ҳамчунин, дар дини мубини ислом, бахусус дар байни пайравони мазҳаби ҳанафӣ саъю талош барои сулҳу оромии ҷомеа ва густариши инсофу адолат мақоми баланд дорад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки зиндагии худро бо эҳсонкориву хайрхоҳӣ ба сар барад, ростқавлу росткор, кушодадилу кушодачеҳра ва саховатпешаву ҳимматбаланд бошад ва ҳамеша аз аъмоли зишт, зулму ситам, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғорат канораҷӯӣ карда, ин амалҳои носавобу ғайриматлубро маҳкум намояд.
Бинобар ин, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки дар баробари иҷрои воҷиботи динӣ, ҳамеша ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саъю талош намояд, ободии Ватани маҳбуб, пешрафти давлати соҳибистиқлол ва оромиву осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи виҷдониву имонии худ шуморад.
Инчунин, зарур аст, ки ҳамватанони мо ва ҳар фарде, ки тақдири сарзамини аҷдодӣ барояш азиз аст, дар навбати аввал, падару модарони арҷманд, аҳли зиё ва шахсони рӯзгордидаву соҳибтаҷриба дар шароити бисёр ноорому пуртазоди ҷаҳони муосир бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Чунонки ҳамватанони азизи мо хуб огоҳанд, вақтҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз номи дини ислом аъмоли даҳшатноки террористиву экстремистӣ ва содир намудани кирдорҳои фоҷиабори асримиёнагӣ вусъат гирифта истодааст.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ созем ва барои омӯзиши илму дониш, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва эҳтирому риояи қонуният ташвиқ намоем.
Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки мо бояд ҳангоми гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла иди Фитр, ҳамеша сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва ба ҷои оростани дастархони серхарҷу пурдабдаба дастархони маънавӣ ороем.
Яъне барои анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон, кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш намоем.
Дар фарҷом тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хурду бузурги кишвари соҳибистиқлоламон тандурустиву хушбахтӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва ободиву рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ