Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагӣ силсилаи чорабинӣ ва мулоқоту вохуриҳоро бо муҳоҷирон барпо менамояд

Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагӣ силсилаи чорабинӣ ва мулоқоту вохуриҳоро бо муҳоҷирон барпо менамояд

19 август 2016, Пятница
331
0
Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагӣ силсилаи чорабинӣ ва мулоқоту вохуриҳоро бо муҳоҷирон барпо менамояд
Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст, ки дар асоси он шурӯъ аз 21 август дар манотиқи гуногуни ФР силсилаи мулоқоту вохуриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.
Мувофиқи нақшаи мазкур дар Ҳавзаи марказии федеролй, аз ҷумла дар шаҳри Москва ва вилоятҳои Москва, Владимир, Твер, Иваново ва Тула дар марказҳои тиҷоратӣ, майдонҳои сохтмонӣ ва ташкилоту муассисаҳое, ки ҳамватанони мо кору фаъолият менамоянд, мулоқоту вохуриҳо гузаронида мешаванд. Дар рафти вохуриҳо, асосан маълумот оид ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон ва навгониҳои қонунгузории федералӣ оид ба муҳоҷират дода мешавад.
Инчунин барои хотирмону ҷолиб истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати ҶТ, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ бахшида ба ин санаи муборак конфронсу мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор менамояд. Аз ҷумла, санаи 21 август дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гуштингирӣ доир карда мешавад. Дар ин сабқат, ки ба Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст, беҳтарин паҳлавонҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва манотиқи гуногуни Россия дархости иштирок кардаанд.
Санаи 28 август миёни дастаҳои диаспораҳои миллии муқими шаҳри Санкт-Петербург мусобиқаи футбол доир карда мешавад.
Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати солгарди истиқлолият, ҳамчунин 3 сентябр бо ширкати доираи васеъи коршиносону мутахассисон конфронси илмию амалӣ дар мавзуи “Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайи 25 сол ва саҳми диаспораҳои тоҷик дар таҳкими муносиботи Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ” баргузор мегардад.
Чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Екатеринбург, Қазон, Новосибирск, Сочи, Хабаровск ва Волгоград низ гузаронида мешаванд.
Чорабинии марказӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати ҶТ дар ФР ва дигар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар яке аз толорҳои муҳташами шаҳри Москва бо ширкати меҳмонони воломақом, намояндагиҳои расмии кишварҳои хориҷӣ ва ҳамватанони фаъол, ки таъриху тамаддун, илму фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ ва тарғиб намуда, обуруву нуфузи онро дар кишвари иқомат боло мебардоранд, доир мегардад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ