Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Намояндагӣ Паёми Президенти мамлакатро сармашқи фаъолияти корӣ худ қарор медиҳад

Намояндагӣ Паёми Президенти мамлакатро сармашқи фаъолияти корӣ худ қарор медиҳад

23 декабрь 2016, Пятница
1 308
0
Намояндагӣ Паёми Президенти мамлакатро сармашқи фаъолияти корӣ худ қарор медиҳад Ҷараёни ироаи Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки имрӯз 22 декабри соли 2016 тавассути шабакаҳои телевизонӣ мустақиман пахш гардид, дар Федератсияи Россия низ аз ҷониби намояндагиҳои расмӣ ва ҳамватанон бо камоли масъулият истиқбол шуд. Субҳи имрӯз дар бинои Сафорати ҶТ дар ФР тамошои дастаҷамъии Паёми Президенти мамлакат ба МО кишвар бо ширкати намояндагиҳои расмии ҶТ ва фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон баргузор шуд.
Дар паёми навбатӣ, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2017 ва солҳои минбаъда муайян месозад, Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимою фарҳангии мамлакатро таҳлили амиқ намуданд ва бо дарназардошти истифодаи тамоми потенсиали мавҷуда ҷиҳати иҷрои самараноки онҳо баҳри рушду инкишофи бемайлони кишвар ва дар маҷмӯъ, беҳдошти некуаҳволии мардум вазорату мақомотҳои дахлдорро вазифадор карданд.
Пешвои миллат зимни таҳлили вазъи иҷтимоии кишвар таъкид намуданд, ки новобаста аз вазъияти бӯҳронӣ, ки имрӯз аксар кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, Ҳукумат қисми асосии буҷаи давлатиро дар давраи соҳибистиҷлолӣ маҳз ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона сохтааст:
"Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд, изҳор доштанд Президенти мамлакат ва афзуданд, ки фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд.То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад".
Ҳамзамон ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон дахл намуда, Сардори давлат ҷавонони кишварро ояндасози давлат арзёбӣ карданд. Бо дарназардошти муҳиммияти тарбияи онҳо дар руҳияи меҳанпарастию ватандустӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб, ки мутаассифона аксаран бо ҷалби ҷавонон сурат мегирад, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълом доштанд. Ин иқдом аз ҷониби муҳоҷирон, ки қисми асосии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ҳамовозии худро дар робита ба ин нукта ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимойии интернетӣ изҳор медоштанд.
Дар пайи тамошои Паёми Президенти мамлакат дар дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷаласа баргузор шуд. Роҳбари Намояндагӣ Зоҳир Мирзозода вобаста нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ муфассал суханронӣ намуда, кард, ки мо ба ҳайси хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамаи он ишораҳое, ки дар суханронии Пешвои миллат ҷиҳати самаранок анҷом додани вазифаҳоямон садо додаанд, сармашқи корӣ худ қарор диҳем ва дар асоси он фаъолият намоем. Дар натиҷаи ҷаласа қарор шуд, ки нуктаҳои дахлдори Паём ба нақшаи кории соли ояндаи Намояндагӣ ҳамоҳанг карда шавад. Аз ҷумла, пурзур намудани чораҳо дар самти баланд бардоштани дониши муҳоҷирон вобаста ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ, такмили тахассусё, бо кортаъминкунии муҳоҷирон ва ташкилу баргузор намудани вохурию мулоқотҳо бо ҷавонони муҳоҷир ҷиҳати пешгирии ҷалби онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва ифротгаро.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ