Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Патент дар соли 2017

Патент дар соли 2017

10 январь 2017, Вторник
5 437
0
Патент дар соли 2017 Дар соли 2017 ҳаҷми андози моҳонаи яке аз ҳуҷҷатҳои асосии иҷозатдиҳандаи фаъолияти меҳнатӣ, яъне патент дар як қатор минтақаҳои Федератсияи Россия тағйир ёфт. Тибқи маълумоти расмӣ, аз ҳама зиёд шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолияти меҳнатӣ аз руйи патент дар Ҳавзаи Шарқи Дур пардохт мекунанд. Дар соли равон маблағи моҳонаи андоз дар Ёқутистон (Якутия) 8762 рубл ва дар Ямал 8219 рубл баробар карда шуд. Ин нишондод, қариб ду баробар аз ҳисоби миёнаи андози патент дар Россия зиёд аст. Дар баъзе минтақаҳо бо таври назаррас боло рафт. Масалан дар вилояти Свердловск аз 2860 рубл ба 3662 рубл бардошта шуд, ки нисбат ба соли 2016 800 рубл зиёдаст. Дар 6 минтақа, аз ҷумла вилоятҳои Москва, Кемерово, Калуга, Омск ва шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург нишондоди андози патент бетағйир монданд. Дар вилояти Орлов (аз 3172 то 3075) ва Кишвари Забайкалие (аз 4269 то 4265), баръакс ҳаҷми андоз коҳиш дода шуд. Дар Вилояти Ленинград ҳаҷми андоз ба миқдори 1 рубл, аз 3000 рубл то 2999 рубл поин фароварда шуд.
Мувофиқи қонунгузории федералӣ муқарраркунии ҳаҷми андози моҳонаи патент шуруъ аз 1 январи соли 2015 ба салоҳияти маъмуриятҳои минтақавӣ вогузор карда шудааст. Тибқи тартибот ҳаҷми андози патент, бояд ба андози музди миёнаи меҳнати сокинон маҳаллӣ баробар бошад.
Дар асоси моддаи 5 Кодекси андози ФР: “ меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба андоз, на пештар аз 1 моҳи нашри расмии он ва на дертар аз санаи 1-уми мавсими нави андоз қувваи қонунӣ пайдо мекунад”. Дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Ингушистон, Кабардино-Балкар, Мари Эл, Хакасия, вилоятҳои Калуга, Киров, Саратов ва Чукотка мақомоти маҳаллӣ то санаи 30 ноябри соли 2016 меъёрҳои дахлдори қонунгузориро қабул карда натавонистанд. Дар минтақаҳои номбаршуда, то инҷониб меъёрҳои мазкур дар ҳолати лоиҳа қарор дорад ва ин маънои онро дорад, ки аз 1 январи соли 2017 дар минтақаҳои зикршуда ҳаҷми андоз бетағйир боқӣ мемонад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ