Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дар муҳлати баргузории Ҷоми конфедератсияи ФИФА ба қайдгузории муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ маҳдуд карда мешавад

Дар муҳлати баргузории Ҷоми конфедератсияи ФИФА ба қайдгузории муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ маҳдуд карда мешавад

26 май 2017, Пятница
2 453
0
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки мувофиқи амри Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017 таҳти №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ва Ҷомӣ конфедератсияи ФИФА дар соли 2017 дар Федератсияи Россия” аз санаи 1 июн то 12 июли 2017 дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочи муҳлати ба қайди муҳоҷиратӣ дар мақомоти муҳоҷиратӣ гузоштан (регистратсия)-и шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ 1 шабонарӯз муқаррар карда шудааст. Яъне, шаҳрванди хориҷие, ки барои будубоши муваққатӣ, (ё доимӣ) ва ёинки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар давраи баргузории мусобиқоти конфедератсияи ФИФА, аз санаи 1 июн то 12 июли соли 2017 ба шаҳрҳои номбаршуда меоянд, бояд давоми як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шавад.
Ин иттилоъро дар тамоси телефонӣ намояндаи расмии котиботи матбуоти ВКД Россия низ ба Намояндагӣ расман тасдиқ кард.
Агар шаҳрвандоне, ки дар муҳлати зикршуда, (аз 1 июн то 12 июли соли 2017) ба шаҳрҳои номбаршуда мақсади сафар доранд, дар сурати надоштани имконияти дар як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, аз сафар ба шаҳрҳои мазкур худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар давраи мусобиқот пурзур гашта, қоидавайронкунии хурд метавонад боиси татбиқи чораҳои қатъии сохторҳои қудратӣ гардад.
Бояд гуфт, ки чораҳои мазкур муваққатӣ буда, танҳо дар муддати 42 рӯз, яъне аз 1 июн то 12 июли соли 2017 татбиқ мегардад ва он на танҳо барои шаҳрвандони ҶТ, балки ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ дорад.
Вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандони ҶТ метавонанд бо телефонҳои зерин тамос гиранд:
-Хадамотии муҳоҷират: -225 05 81 ; 225 07 19.
-Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолииҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират: 44 (640) 19 51; 44 (640) 91 99; +7 495 967 98 44; +7926 255 09 27; +7968 399 0404; (Москва) +7 964 373 75 01; (Санкт-Петербург), +7 906 329 28 28 (Қазон), +7 967 326 68 43; (Сочи).

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ