Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Истиқболи Ҷашни Ваҳдат дар Федератсияи Россия

Истиқболи Ҷашни Ваҳдат дар Федератсияи Россия

24 июнь 2017, Суббота
2 189
0
Истиқболи Ҷашни Ваҳдат дар Федератсияи Россия Имсол мо 27 июн 20-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Соли 1997, яъне расо 20 сол муқаддам дар Тоҷикистон ба ҷангӣ хонумонсӯзи шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи тақдирсоз, ки яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои миллиамон ба шумор меравад, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода, дар асоси он дар ҳамкорӣ бо Сафорат, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар манотиқи гуногуни Россия силсилаи вохурию мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ, конфронсу мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию маърифатиро ташкил ва баргузор менамояд.
Дар чунин як вохурие, ки дар маркази савдои “Москва”-и пойтахти ФР бо ташаббуси Намояндагӣ доир шуд, дар мавзуи Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти он дар рушди минбаъади Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан рафт. Зикр шуд, ки маҳз сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ, ки миллати тоҷик ба он бо нархи гарон муяассар гашт, заминаи асосии рушду инкишофи давлати мо шуд. Дар ин давра миллати тоҷик, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиро пасисар намуда, ба дастовардҳои шоён ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати тоҷикон, ба сифати субъекти мустақил дар ҷомеаи ҷаҳони эътироф гардида, ҷойгоҳи худро дар муносибатҳои байналмиллалӣ муайян сохт.
Истиқболи Ҷашни Ваҳдат дар Федератсияи Россия Дар ҷамъомаде, ки бо ибтикори Намояндагӣ ва Ҷамъияти тоҷикони вилояти Новосибирск “Дружба” ба муносибати 20-солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуд, роҳбарон ва фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии минтақа ширкат намуданд. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Новосибирск зимни суханронияш иштирокдорон ва дар шахсияти онҳо ҳамаи ҳамватанонро, ки имрӯз дар минтақа бо кору зиндагӣ мекунанд, табрик намуда, Ваҳдати миллиро яке аз дастовардҳои муҳим барои миллати тоҷик арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки ин ҷашни фархунда бо ташаббус ва ибтикори фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст, бояд аз ҷониби ҳар як фарди ватандӯст бо шукргузорӣ қадрдонӣ шавад ва ҳар як нафар, сарфи назар дар куҷо иқомату зиндагӣ карданаш бояяд таҳкими арзишҳои он саҳмгузор бошад. Иштирокдорони ҷамъомад аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар сухан намуда, омодагии худро бобати саҳмгирӣ дар таҳкими минбаъади ваҳдату ягонагӣ ва рушду тараққиёти кишвар изҳор намуданд.
Истиқболи Ҷашни Ваҳдат дар Федератсияи Россия Чорабиниҳо бахшида ба солгарди Ваҳдати миллӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург, Санкт-Петербург, Қазон, Краснодар, Хабаровск, Владимир, Твер ва ғ. низ доир мегарданд.
Санаи 27 июн дар шаҳри Москва ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар бо ширкати намояндагиҳои расмӣ, олимону коршиносони хориҷӣ, аҳли зиёи тоҷикони бурунмарзии муқими Россия, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон ва намояндагони ВАО баргузор мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират гузаронида хоҳад шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ