Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро эҳтиёт кунед

Аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро эҳтиёт кунед

17 август 2017, Четверг
1 232
0
Аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро эҳтиёт кунед Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар баробари таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҶТ-муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин тадбирҳои вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонони муҳоҷир ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро амалӣ менамояд. Дар рафти мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ Намояндагӣ, пайваста шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар кишвари иқомат бо мақсади дарёфти ҷойи кору беҳдошти вазъи иҷтимоии оилаҳояшон ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, аз он ҳушдор медиҳад, ки аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористидошта канораҷӯӣ намуда, фирефтаи дасисаҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Таҷрибаи солҳои охир, аз ҷумла амалҳои террористӣ, тахрибу қатлу куштор нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба хотири амалисозии мақсадҳои нопоки худ, аз ҳар роҳу восита истифода карда, афроди ноогоҳро ба доми дасисаҳои худ мекашанд. Пӯшида нест, ки аксари кулли муҳоҷирони меҳнатии моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаассифона, дар баъзе маврид, бинобар хусусиятҳои синну сол ва баъзан аз надоштани таҷрибаи кофии ҳаётӣ ва аз ноогоҳӣ бархе аз ҷавонон ба доми гурӯҳҳои бадхоҳ, ки ҳадафҳои муғризонаи худро зери шиорҳои бардурӯғи динию мазҳабӣ пинҳон медоранд, меафтанд.
Чанде пеш дар ВАО маводи видеоӣ пешкаш гардид, ки аз чунин ҳодисаҳои ба доми дасисабозон афтодани бархе аз ҳамватанонамон ҳикоят мекунад. Маводи мазкурро шумо метавонед, дар барчаспи (My Webpage ) зерин тамошо карда, аз фитнаҳои ғаразҷуён огоҳӣ пайдо кунед.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ