Муҳоҷирзани тоҷик бо мусоидати Намояндагӣ ба ватан фиристода мешавад.

Санаи 25.11.2013, ба дафтари Намояндагӣ шаҳрванди ҶТ муҳоҷирзан Шарипова Баҳринисо Достаковна соли таваллудаш 30.11.1980, истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон бо се фарзандаш; 1) Асомуддинов Бузургмеҳр соли таваллудаш 03.04.2008, 2) Асомуддинова Шарофат с.т.08.03.2010, 3) Асомуддинов Юсуфҷон с.т.05.04.2013, оиди расонидани кӯмаки моддӣ барои ба ватан баргаштан муроҷиат намуд. Пас аз сӯҳбати Намояндагӣ бо муҳоҷирзан муайян шуд, ки шавҳараш Асомуддинов Ҷамолуддин Мирзомуддинович соли таваллудаш 31.08.2013 бо сабабҳои вайрон кардани қонуни буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР, бо қарори суди ноҳияи Фатежскийи вилояти Курск, таърихи 17.10.2013 аз қаламрави ФР ихроҷ гардидааст ва бинобар ин барои сарпарастии фарзандон имкониятҳои молиявӣ надошта, ҷиҳати мусоидат ба Намояндагӣ дар ҳалли мушкилоташ муроҷиат намуд.
Бо мусоидати Намояндагӣ тавассути соҳибкори тоҷик Назаров Султон Алиевич (Маркази тиҷоратии «Авто-рынок» ноҳияи Новомосковский) барои муҳоҷирзани тоҷик Шарипова Баҳринисо ва се нафар фарзандаш маблағи чиптаи қатораи Москва-Душанбе ҷамъоварӣ шуда, дар рӯзҳои наздик ба ватан фиристода мешавад.
Маркази матбуоти Намояндагӣ дар ФР
Читайте также:

04 февраль 2014, Вторник
Бо мусоидати Намояндагӣ суд парвандаро оид ба ихроҷи маъмурии шаҳрванди Тоҷикистон қатъ намуд

12 декабрь 2013, Четверг
Маблағи нопардохти муҳоҷири меҳнатӣ бо мусоидати Намояндагӣ баргардонида шуд.

09 декабрь 2013, Понедельник
Бо мусоидати Намояндагӣ Умедаи ноболиғи гумшуда ба назди падараш баргардонида шуд.