Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Бо мусоидати Намояндагӣ Умедаи ноболиғи гумшуда ба назди падараш баргардонида шуд.

Бо мусоидати Намояндагӣ Умедаи ноболиғи гумшуда ба назди падараш баргардонида шуд.

09 декабрь 2013, Понедельник
1 887
0
Бо  мусоидати Намояндагӣ  Умедаи  ноболиғи гумшуда    ба назди падараш баргардонида шуд. Санаи 03.12.2013 ба дафтари Намояндагӣ муҳоҷирзан –шаҳрванди ҶТ Салимова Дилоро истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ оиди дар кӯча дарёфт намудани як тоҷикдухтари 16-солаи ноболиғ муроҷиат намуд. Зимни сӯҳбат бо муҳоҷирзан Салимова Дилоро, Намояндагӣ муайян намуд, ки тоҷикдухтари ноболиғ Маҳмудова Умеда Расуловна соли таваллудаш 18.07.1997, сокини ҷамоати Қарақчикуми шаҳри Конибодом, чанд рӯз қабл муҳоҷирони қирғиз, ки дар Хадамоти коммуналии ноҳияи Останкинои шаҳри Москва фаъолияти меҳнатӣ доранд, ҳангоми рӯбу чини кӯчаҳои назди метрои ВДНХ, ёфта назди муҳоҷирони тоҷик, таҳти роҳбарии Ҳалимов Ҳошим сокини ноҳияи Рашт оварданд. Шаҳрванд Ҳалимов Ҳошим аз ҳолати ногувори Умеда бохабар шуда, аз муҳоҷирзан Дилоро Салимова хоҳиш намуд, ки Умедаро дар манзили иҷоравиаш то пайдо шудани наздиконаш рухсат диҳад. Дилоро Салимова рӯзи дигар Умедаро ба дафтари Намояндагӣ овард. Намояндагӣ барои муайян кардани шасияти Умеда фавран ба суроғаи истиқоматаш, ба мудири шӯъбаи САҲШ, ҷамоати Қарақчикуми шаҳри Конибодом Норбоева Мубина дархост равон карда, варақаи тасдиқкунандаи шахсияташро гирифт. Намояндагӣ ҳамчунон ба Хадамоти Консулӣ муроҷиат намуда, ҳолати ба вуқӯъ омадаро шарҳ дод. Хадамоти Консулӣ баъд аз тафтишоти ҳуҷҷатҳои қабулшудаи шаҳрвандон, оиди гирифтани шаҳодатномаи бозгашт ба ватан иттилоъ доданд, ки таърихи 27.11.2013 шаҳрванд Маҳмудов Расул Самиевич соли таваллудаш 14.10.1959, бо ҳамроҳии духтараш Маҳмудова Умеда Расуловна соли таваллудаш 18.07.1997 шаҳодатномаи бозгашт ба ватан гирифтанд. Намояндагӣ ба муовини шаҳри Конибодом Ҷабборов Бурҳон Исоқбоевич муроҷиат намуда, хоҳиши дарёфти наздикони Умедаро иброз дошта, тавассути онҳо суроғаи дар шаҳри Волгогради ФР фаъолияти меҳнатӣ доштани падару модарашро муайян намуданд. Шаҳрванд Маҳмудов Расул бо оилааш Тураева Ҳаво ва духтараш Умеда баъди ба анҷом расонидани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ дар шаҳри Волгоград, замони ба ватан баргаштан бо сабаби бе эътибор шудани мӯҳлати шиноснома ва шаҳодатномаи духтараш аз тарафи сарҳадбонони ФР ба онҳо иҷозати баромадан аз қаламрави Россия дода нашуда, онҳоро барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон бозпас гардониданд. Аз ин ҷиҳат Маҳмудов Расул бо духтараш Умеда барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, санаи 27.11.2013 ба Хадамоти Консулии шаҳри Москва муроҷиат намуда, шаҳодатномаи бозгашт ба ватан тартиб дода, айни дар қатораи метро ворид шуданашон дар байни оммаи мардум якдигарро гум карданд. Баъди кофту коби ду шабонарӯзӣ падару духтар якдигарро наёфта, Маҳмудов Расул бо дили ғусса ва умеди канда ба шаҳри Волгорад бармегардад. Вале, бо мусоидати Намояндагӣ Умеда дар меҳмонхонаи давлатии Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Москва бо ҷои хоб ва хурду хӯрок ба муддати ду шабонарӯз таъмин карда шуд. Санаи 05.12.2013 ба дафтари Намояндагӣ аз номи Маҳмудов Расул яке аз хешони наздикаш Сангинов Мирзо Машрафович зодаи шаҳри Конибодом, шаҳрванди ФР, ба дафтари Намояндагӣ омада , Маҳмудова Умедаро бо изҳори миннатдорӣ ба назди падараш раҳсипор намуд.
Намояндагӣ ба тамоми шахсоне, ки дар ҳалли қазияи мазкур кӯмаки худро дар мусоидати дарёфти Умеда дареғ надоштаанд изҳори миннатдорӣ баён менамояд.

Маркази матбуоти Намояндагӣ дар Федератсияи Россия

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ