Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Маблағи нопардохти муҳоҷири меҳнатӣ бо мусоидати Намояндагӣ баргардонида шуд.

Маблағи нопардохти муҳоҷири меҳнатӣ бо мусоидати Намояндагӣ баргардонида шуд.

12 декабрь 2013, Четверг
1 771
0
Маблағи нопардохти муҳоҷири меҳнатӣ бо мусоидати Намояндагӣ  баргардонида шуд.
Маблағи нопардохти муҳоҷири меҳнатӣ бо мусоидати Намояндагӣ баргардонида шуд.


Ба дафтари Намояндагӣ муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусоев Сироҷидин Вайсидинович, оид ба пардохт нагардидани музди муњнаташ ба маблағи 150 000 рубл аз тарафи корфармои инфиродӣ Вихиров Анатолий Иванович (шаҳри Москва, ноҳияи Соколники, кӯчаи Долгопрудный, хонаи 35) муроҷиат намуд. Кормандони Намояндагӣ аризаи муҳоҷири меҳнатӣ Мусоев С.В.-ро мавриди санҷиш қарор дода, дар натиҷаи мулоқот бо корфармо асорати қарзии муҳоҷири меҳнатиро ҳаллу фасл намуда, маблағи 150 000 рубли Мусоев С.В. баргардонида шуд.
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки айни замон дар арафаи ба охир расидани мавсими кории муҳоҷирон бо сабабҳои надоштани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоён ва миёнаравони кордиҳанда, муҳоҷирон ба асорати қарзии музди меҳнаташон гирифтор мешаванд.

Маркази матбуоти Намояндагӣ дар ФР.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ