Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » Тақвияти талаботҳои муҳоҷиратӣ вобаста ба Ҷомӣ ҷаҳон оид ба футбол

Тақвияти талаботҳои муҳоҷиратӣ вобаста ба Ҷомӣ ҷаҳон оид ба футбол

03 май 2018, Четверг
85
0
Тақвияти талаботҳои муҳоҷиратӣ вобаста ба Ҷомӣ ҷаҳон оид ба футбол Ҳамватанони гиромӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷӯҳи шумо мерасонад, ки вобаста ба баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Калининград, Нижний Новгород, Волгоград, Ростови лаби Дон, Саранск, Сочи ва Самараи Федератсияи Россия чиҳати таъмини бехатарӣ чораҳои иловагӣ, аз ҷумла дар тартиби ба қайдгузории муҳоҷиратӣ татбиқ карда мешаванд. Дар асоси фармони Президенти ФР аз 09.05.2017 с. №202 аз 25 майи соли 2018 то 25 июли соли 2018, яъне дар давоми ду моҳ дар шаҳрҳои зикршуда муҳлати ба қайдгузории муҳоҷиратӣ (регистратсия) 1 шабонарӯз (24 соат) аз вақти даромад ба қаламрави ФР муқаррар карда мешавад. Яъне шаҳрванди хориҷие, ки аз 25 май то 25 июли соли равон ба шаҳрҳои номбаршудаи Федератсияи Россия ворид мешавад, бояд дар давоми 1 шабонарӯз (24 соат) танҳо дар мақомоти дахлдор, шӯъбаҳои ҳудудӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия шахсан рафта, ба қайди муҳоҷиратӣ (регистратсия) гузоштан лозимаст. Тибқи талаботи фармони мазкур дар давоми баргузории мусобиқот дар ин шаҳрҳо ба қайдгузории муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути почта ёхуд марказҳои муҳоҷиратӣ муваққатан қатъ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи он нафароне, ки дар давоми баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба шаҳрҳои номбаршуда мақсади сафар доранд, бояд қаблан ҷойи иқомати муваққатӣ ва имкониятҳои дар як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштани худро ба нақша гиранд. Зеро риоя нагардидани ин меъёр боиси татбиқи чораҳои қатъии маъмурӣ шуда, хатари ихроҷ ва баста шудани вуруди минбаъдаи он ба Федератсияи Россия пеш меорад. Бояд гуфт, ки дар фарқият ба дигар мавсим дар давраи мусобиқот, яъне аз 25 май то 25 июли соли равон дар шаҳрҳои мазкур шуъбаҳои оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия бе рӯзҳои истироҳатӣ шабонарӯз фаъолият менамоянд.
Бо дарназардошти ин, ба шаҳрвандоне, ки дар давраи зикргардида мақсади сафар ба ин шаҳрҳо доранд, тавсия дода мешавад, дар сурати дар як шабонарӯз (24 соат) дар мақомоти дахлдори ҳудудӣ имкони ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштанро надошта бошанд, аз вуруд ба минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.

Барои маълумоти иловагӣ Шумо метавонед ба кормандони Намояндагӣ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоед:
Ҳавзаи федералии марказӣ
ш. Москва
+7 (495) 967 98 44
+7 (926) 255 09 27;
+7 (968) 733 00 00;
+7 (926) 241 09 09;
ш.Санкт-Петербург, Калининград
+7 (964) 373 75 01;
ш-ҳои Саранск, Нижний Новгород, Самара, Қазон
+7 (906) 805 329 28 28;
ш.Екатеринбург
+7 (905) 805 57 77;
ш.Сочи
+7 (926) 578 31 99;
ш.Ростови лаби Дон
+7 (915) 488 32 23;
ш. Волгоград
+7(925) 236 67 85.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ