Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

Табрикот ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

27 июнь 2018, Среда
2 234
0
Табрикот ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣҲамватанони гиромӣ! 27 июн мардуми шарафманди тоҷик 21-мин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегирад.
Расо 21 сол муқаддам дар Ватани азизу маҳбуби мо ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш хотима дода шуд. Барои ноил шудан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ анҷом бахшид ва таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Ба ин муносибат, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти Ватани азизамон ба даст омадааст, ҳамаи ҳамватанони гиромӣ-муҳоҷирони меҳнатиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик менамоем ва ба хонадони ҳар яки шумо осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва барору комёбӣ орзу менамоем.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ неъмати пурарзиш буда, ба некӯаҳволии халқамон ва пешрафту ободии Ватани азизамон заминаи воқеӣ гузошт.
Аз ин лиҳоз, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавони худшиносу ватандӯсту аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Мутаассифона, таҷриба собит менамояд,ки на ҳар кас ба қадри ин неъмат мерасад ва барои таҳкиму устувории гояҳои аслии он кӯшиши лозима ба харҷ медиҳад. Дар баъзе маврид, бархе аз ҷавонони ноогоҳи мо, аз надонистани асли ҳолат ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, ки зери парчами дини мубини ислом амалҳои нопоки худро роҳандозӣ кардан мехоҳанд ва дар ин кори ниятҳои нопоки худ аз неруи ҷавонон истифода мебаранд, шомил шуда, тақдиру ояндаи худро қурбони дасисаҳои чунин гурӯҳҳои ҷудоиандоз менамоянд.
Яке аз чунин ташкилотҳои иғвоангезу ҷудоихоҳ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки зери ғояҳои дини поки ислом бо дастури “хоҷагони хориҷияшон” дар миёни аҳолии осоишта кӯшиши ангехтани кинаву адовати диниву мазҳабиро пеша кард. Аммо онҳо ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик аз дасисаҳои эшон саривақт пай бурда, нагузошт, ки иғвогарон ба ҳадаф расанд.
Ҳамватанони гиромӣ, ҷавонони бонангу номуси миллат, ояндаи давлат ва тақдири Ватани маҳбубу азизамон дар дасти шумост. Имрӯз низ дар хориҷи кишвар он гурӯҳҳои ифротию иғвогар кӯшиши ба доми худ андохтани ҷавононро амалӣ кунанд. Аммо шумо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳед ва нагузоред, ки ифротию ҷудоихоҳон ба ҳадафҳои муғризашон расанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба ваъдаҳои дурӯғини онҳо эътимод накунед! Ба қадри сулҳу осоиши Ватани азиз расед, ба дар шукуфои ва рушду тараққиёти кишвар саҳмгузор бошед.
Бори дигар Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Ҷашни Ваҳдати миллиро ба яко яки шумо таҳният гуфта, осмони мусаффо, рӯзгори пурбаракат ва тансиҳативу комёбӣ таманно мекунад!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ