Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Бори каҷ ба манзил намерасад

Бори каҷ ба манзил намерасад

12 июль 2018, Четверг
851
0
Бори каҷ ба манзил намерасадШоми 18 июни соли равон дар шабакаҳои телевизионии мамлакат филми нави мустанад бо номи «Решаҳои ноаён» намоиш дода шуд. Дар филм бо истифода аз аксҳо ва наворҳои видеоӣ аз аъмоли сангин ва нангини намояндагони мухолифин, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Абдуҳалим Назарзода, Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигарон гуфта мешавад.
Қисмати асосии филми «Решаҳои ноаён” аз эътирофоти Саид Қиёмиддини Ғозӣ баъди боздошт ва маҳкум шуданаш ба 25 соли зиндон иборат буд. Ў оид ба ҷиноятҳои содирнамудааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, даъватҳояш барои сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, барҳам задани давлатдории миллӣ ва ҷорӣ намудани низому тартиби давлатдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро нақл карда, аз робитаҳо, рафтуомад ва додугирифтҳояш бо мақомоти кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ба ном «дўст» маълумот дод.
Бояд гуфт, то намоиши ин филм ҷиноятҳои содиркардаи Қиёмиддин Ғозиев ба иштирокдорони бевосита ва шоҳидони зиндаи ҳодисаҳои солҳои 90-ум ва ба коршиносону таърихнигорон мисли рўз равшан буд. Фақат дидани даҳҳо наворҳои мавҷуда, хондани матбуоти ҳамондавра кифоя аст, ки шахс бешакку шубҳа дар симои Қиёмиддин Ғозиев ҷинояткори хатарнокро бинад.
Маҳз Қиёмиддин Ғозиев тўда-тўда одамони ҷамъшударо барои ҷисман нобуд кардани шахсиятҳои мушаххас, сарнагун кардани сохти давлатдорӣ даъват карда, онҳоро барои ҳамла кардан ба бинои мақомоти қудратии мамлакат роҳнамоӣ карда буд. Дар натиҷаи он «юриш»-и Қиёмиддин Ғозиев ба тарафи биноҳои мақомоти қудратии Тоҷикистон чандин нафар аз миёни анбўҳи одамони гумроҳшуда ба ҳалокат расидаанд. Метавон гуфт, то ҳоло арвоҳи он фавтидагон аз Қиёмиддин Ғозиев кафорати хуну ҷон мепурсанд.
Ҷойи баҳс нест, ки бо ташвиқ, даъват ва амалҳои бевоситаи Қиёмиддин Ғозиев барин ашхос ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сар зад. Чунин нафарон бо истифода аз эътиқоди динии мардум ҷавононро барои нобуд кардани «душманон», «кофирон» ва коммунистҳо роҳнамоӣ мекарданд. Бо ташаббус ва пешкориҳои Қиёмиддин Ғозиев ва ҳамроҳони ў дар минтақаи Вахшонзамин бетартибиҳо авҷ гирифтанд: садҳо хонаҳо оташ гирифта, хуни одамӣ мисли ҷуйи об ҷорӣ гардида буд.
Ғозиев ҳатто дар миёни муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари фиребу найранг ва таҳдиди наҳзатиён ва тарси ҷони худу пайвандони худ макони зисташонро тарк карда, ба Афғонистон фирор карда буданд ва дар ҳолати хеле бади равонӣ қарор доштанд, даъватҳои худро идома дода, аз онҳо талаб мекард, ки фарзандони ноболиғи худро барои муборизаи мусаллаҳона ба дасти муҷоҳиддони хориҷӣ супоранд. Қиёмиддин Ғозиев дар мураккабтарин вазъи ҳаммиллатони худ супориши хоҷагони хориҷии худро иҷро мекард. Шиори ў чунин буд: «Гўр сўзаду дег ҷўшад!».
Дар урфият мегўянд: бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Бо гузашти беш аз чоряк аср Қиёмиддин Ғозиев ба ҷиноятҳои содиркадаи худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карда, аз мардуми Тоҷикистон узр пурсид, ки узри бадтар аз гуноҳ аст. Дар баробари изҳори пушаймонӣ ва узр пурсидан Қ.Ғозиев нақшаи сиёҳи ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзатро ошкор кард. Мувофиқи гуфтаҳои ў, роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ агарчӣ мисли мори афъӣ саркўб шуда бошад ҳам, то ҳоло дар сар фикри заҳр задан ба тани мардумони тоҷикро доранд. Маълум мегардад, ки пуштибонҳои террористон аз кишвари хориҷии ба мо ҳамфарҳангу ҳамоин ва ба ном «дўст» то ҳоло аз нақшаҳои пасипардагии худ даст накашидаанд.
Ба иқрори Қиёмидин Ғозиев, баъзе доираҳои кишвари ҳамфарҳангу ҳаммзабон нақша доранд фаъолияти ташкилоти террористии наҳзати исломиро аз нав барқарор созанд. Мутобиқи он нақша, ки Қ.Ғозиев ифшо намуд, ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва пуштибононаш талош доранд, ки минбаъд низ ба рафти ҳодисаҳои сиёсии Тоҷикистон дахолат намуда, дар ҷомеа иғво барангезанд ва мисли солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистонро ба майдони кашмакашиҳои сиёсӣ ва ҷангу ҷидол мубаддал гардонанд. Аз ҷумла, тавре ки дар филми «Решаҳои ноаён» зикр гардид, бадхоҳон нақша доранд, ки ба интихоботи парлумонӣ ва президентии Тоҷикистон дахолат карда, субот, низом ва амнияти мардуми тоҷикро халалдор созанд.
Филми «Решаҳои ноаён» ва иқрори гумоштаи кишвари хориҷӣ Қиёмидин Ғозиев бори дигар моро водор месозад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, барои нигаҳдошт ва таъмини суботу амнияти ҷомеа ва хонадони хеш ҳамеша омода бошем.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ