Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ТТЭ ХНИ дар ҷустуҷӯи гумрохони навбати

ТТЭ ХНИ дар ҷустуҷӯи гумрохони навбати

12 июль 2018, Четверг
1 477
0
ТТЭ ХНИ дар ҷустуҷӯи гумрохони навбатиРўзхои наздик рохбарони фирории ташкилоти мамнуъ ва террористии ХНИ дар Олмон бо бахонаи тачлили Рўзи вахдати милли анчуман ташкил карда, дар доираи он созмони нави худ – Алянси нерухои мухолифи Точикистонро таъсис ва эълом кардани хастанд. Таъсис ва ташкили чунин навъи иттиход ва ба истилох “Алянс” барои парчамбардорони нахзати ва рахбари фирории он М. Кабири кори наву чадид нест ва дар ин самт ТТЭ ХНИ тачрибаю собикаи кофи дар ихтиёр дорад. Бо максади равшан кардани матлаб ва бозкушоии симои аслии нахзат як навъ ручўи таърихи мекунем.
Мусаллам аст, ки нимаи дуюми солхои хаштодуми асри бист - дар дар тамоми каламрави собик давлати Шўрави раванди ташаккулёбии андешахои милли тахким ёфт ва дар пасманзари сиёсати ба ном миллии горбачёви гурўххои муташаккили мазхаби, ки солхо орзуи бозгашт ба “асли худ” – таъсиси хилофати исломи ва кувват додани нерухои дини дар минтакаро дар дил мепарвариданд, ба майдон омаданд. Дар фазои сиёсию мафкурави ва ичтимоию фархангии Чумхурии Шўравии Сотсиалистии Точикистон дар ибтидо харакатхои милли бар чунбишхои дини-мазхаби хеч робитае надоштанд ва накши рўхонияти нахзати дар миёни табакахои ичтимои камранг буд. Мутаассифона, баъди заволи Иттиходи Шўрави авзои сиёси дар минтака хассос шуд ва якбора хурофоту таассуботи дини-мазхаби мисли сел рўйи чамеаи нав ба истиклолият расидаи точик рехт ва миёни ин тифли истиклолро шикаст. Гузашта аз ин, хар созмону иттиходияхое, ки дар он мархилаи хассос рўйи кор омада буданд, бо ин ё он васила ба ТТЭ ХНИ иртибот дошта, тахти контроли бевосита ё бавоситаи нахзатихо карор гирифтанд. Азбаски ташкилоту созмонхои милли аз берун пуштибони намешуданд ва ба таври худчўш рўйи кор омада буданд, хангоми ташаннучи авзоъ ночор вобасти ТТЭ ХНИ гардиданд ва ба доми найранги он афтоданд. ТТЭ ХНИ бошад, аз берун сармоягузори ва мудирият мешуд ва ба истилох, «сохиб ва сарпараст» дошт. Аз ин лихоз, иттиходияю созмонхои милли, сиёси ва фархангии замон, аз чумла Хизби демократии Точикистон, Харакати миллии «Растохез», созмони «Лаъли Бадахшон» ва ба ин монанд созмонхои машрўъ ва номашрўи вакт дар ТТЭ ХНИ махлул шуданд. Мухимтар аз ин, тибки барнома - накшаи сармоягузорони пружаи нахзати ин созмонхо вориди корзори сиёси шуданд ва билофосила тахти назари коргардонони асосии бозихои сиёсии Точикистон дар ибтидои солхои навадуми асри гузашта фаъолият намуданд. Харчанд ки рохбарони созмонхои номбаршуда ин корро намехостанд, лоилоч тобеи рохбарияти сиёсии нахзати гардиданд ва стратегияву тактикаи онхоро пазируфтанд. Рохбарони харакату созмонхои миллию сиёсии замон, голибан ниятхои нек доштанд, вале дар ТТЭ ХНИ мунхал шудани онхо ва ба сифр баробар гардидани талаботи барномавии сиёсию ичтимои ва маданию иктисодии онхо сабаби ноком гардиданашон дар бозии сиёсии нахзати мебошад.
Мутаассифона, имрўз хам иддае аз зиёиёни точик ва фархангиёни бурунмарзи кори каблиро анчом дода истодаанд ва галату иштибохоти насли пешини ислохотгарои миллиро такрор менамоянд ва худро ба доми найрангхои нахзати мубтало мекунанд. Баъдтар рохбарони чабахоти милли, аз чумла Тохири Абдучаббор, Аслиддин Сохибназар, Шодмон Юсуф ва дигарон дарк карданд, ки дар чи доме афтиданд ва сарнавишти миллию давлатиро ба дасти кихо супурданд. Вале аллакай дер шуда буд, онхо дар баробари машинаи харобиовари пуриктидори нахзати, ки аз хорич, бавижа аз чониби созмонхои марбутаи режими охунди сармоягузори мешуд, истодагари карда натавонистанд ва саранчом шикаст хўрданд.
Ачибаш ин аст, ки ТТЭ ХНИ мувофики тартибу дастури сармоягузоронаш тамоми куввахои миллию сиёсии вактро, ки аз озодию истиклолияти сиёсию милли харф мезаданд, ичборан тахти парчами худ гирифт (чун онхо кудрати сиёсию низомие, ки нахзат бо пуштибонии хоричи дошт, надоштанд, аз ин рў, тобеи иродаи мутлакгаройи саркардагони нахзати гардиданд). Дигар ин ки майдони «Шахидон» бо «ташаббус»-и бевоситаи нахзатиён ташкил шуда, минбар дар ихтиёри рохбарияти нахзати буд. Наворхои майдони «Шахидон» ва минбардорихои тими нахзати дар он замон бар он гувохи медиханд, ки мучриёни пасипардагии бетартибихои оммави дар шахри Душанбе тамоми бурди худро рўйи ТТЭ ХНИ гузошта, ба дасти ин ташкилот инкилоби исломиро ба минтака ворид кардан мехостанд.
Баъди он ки Ичлосияи шонздахуми Шўрои Олии Чумхурии Точикистон Хукумати навро рўйи кор овард, ТТЭ ХНИ ба хорич панох бурд ва дар берун хам тахти химояти бевоситаи сармоягузоронаш карор гирифт. Дар Афгонистону Эрон хам, ТТЭ ХНИ, барои он ки хусни таваччухи созмонхои байналмилали ва хайриявиро чалб кунад, гурезахоро, ки мавкеиятхои гуногун доштанд ва ба нахзат ва назариёти нахзати хеч робитае надоштанд, ичборан тарафи худ кашид ва Иттиходи Нерухои оппозитсиюни Точикистон (ИНОТ)-ро таъсис дод. Дуруст аст, ки як гурўхи мухочирони ичбори ба ин ташкила (ИНОТ) шомил нашуданд ва дар хорич аз кишвар мустакилона кору фаъолият намуданд ва аз ТТЭ ХНИ канор гирифтанд (чун аз тачриба медонистанд, ки нахзат чи мехохад ва кишварро ба чи мусибате мубтало кард). Вале рохбарони нахзати дигар гурўххоро муттахид карда, ИНОТ-ро созмон доданд ва дар раъси он раиси собики ТТЭ ХНИ карор гирифт.
Авзои имрўзаи ТТЭ ХНИ дар хорич айни пешин аст. Созмонхои ифроти, назири «Гурўхи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик», ҷунбиши Ислохот ва рушди Точикистон ва ғайра ба ТТЭ ХНИ бо ин ё он восита иртибот доранд, харчанд ки дар расона ва шабакахои ичтимои аз робита надоштанашон бо нахзат сухан дар миён меоваранд. Масалан, Темур Варки, Равшани Темуриён, Саймиддин Дўстов ва дигарон, ки аслан, акидахои зиддинахзати доранд, айни хол ба доми нахзатихо афтодаанд ва ба таври худогох ва нохудогох дар хизмати онхо карор доранд. Мутаассифона, журналист ва тахлилгари шинохта Саймиддин Дўстов низ дар пайи таъсиси ташкилоте бо номи “Созмони дифоъ аз озодии баён” ҷадал дорад ва бо бахонаи хифзи озодии сухан дар хизмати нахзатихо камар бастааст.
Имрўз хам ТТЭ ХНИ ва рохбари фирории он М. Кабири бо истифода аз фурсати муносиб ва маккории сиёси мехохад аз нав ИНОТ-ро дар хорич таъсис бидихад ва зиёиёну фархангиёни бурунмарзи ва тамоми созмону нерухои мухочирро тахти султаи худ гирд оварад. Дар пушти ин казия боз сармоягузорони хоричии минтакави ва баъзе созмонхои манфиатдори гарби меистанд ва химояти молию сиёсии ТТЭ ХНИ-ро, ки лоиха-проекти даромадноки онхост, дар хорич хам бар ухда мегиранд.
Набояд фаромўш кард, ки барои пардапўш кардани ниятхои султахохи, исломисози, пулпарасти ва рифохталаби М. Кабири, усулан аз василахои маъмули риёкории сиёси ва ичтимои кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо мукаддасоти дини ва сиёси - Худо, дин, мазхаб, Куръон, паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолори, баробари, бародари, озоди, парламентаризм ва амсоли инхо бози карда, хар яки ин вожагони калидиро дар чояш ба хадафи ба даст овардани султа, кудрати сиёси ва тичорати суйистифода мекунад. Мусохибахо, суханронихо ва матолиби ў аз корбурди вожагони болои моломол аст ва тавассути технологияи суханвари чомеаро тахти таъсири равони, забони, такаллуми ва сиёси карор доданӣ мешавад. Ногуфта намонад, ки ТТЭ ХНИ бо химояту пуштибонии мафкуравию молии хоричи Алянс ва ё ИНОТ-и дувумро ташкил кардан ва худро дар раъси он дидан мехохад. Зиёда аз ин, М. Кабири ба хотири чалби таваччухи зиёиёни дохилию хоричи тасмим гирифтааст, ки вожаи «ислом»-ро аз созмони сиёсии худ хазф кунад ва бо ин рох хадсу гумонхоро дар нисбати созмони ифротгаройи нахзати аз миён бардорад. Ин аст, ки дунболи фирефтану гул задани фархангиёни мухочири точик, ки дар хорич аз кишвар ба сар мебаранд, мегардад ва бо харфхои пуч домани онхоро пур мекунад. Аз ин хисоб мехохад сафи эътирозгарон ва норозиёнро дар дохилу хорич афзуда, созмонхои байналмилалиро фишор оварад, то ТТЭ ХНИ-ро ба унвони созмони мардумсолор ва гуманист шиносанду дар раъси ИНОТ-и дуюм карор доштанашро эътироф намоянд. Ин ягона рохест, ки проекти ТТЭ ХНИ-ро дар хорич муваккатан нигах медорад ва сармоягузоронашро барои идома додани игво, дасиса ва тавтеахо дар дохилу хорич умед мебахшад.
Албатта, ТТЭ ХНИ, ки аз як мушт нахзатии авомфиребу табохкор таркиб ёфтааст, ба максадхои нопоки худ намерасад, лекин он зиёиёне, ки имрўз ба домашон афтидаанду дар хизмати онхо карор доранд, бояд хуб андеша кунанд, тақдири ҳампешагони фиребхӯрдаашонро дар солҳои 90-ум ба хотир оранд, то фардо дер нашавад. Зеро пой дар пайроҳаи наҳзатиҳо гузоштан риштаи пайванди худро бо Ватани аҷдодӣ барои якумрӣ буридан аст.
Сипеҳри Ҷовид

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ