Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни Истиқлолият дар ФР

Чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни Истиқлолият дар ФР

20 сентябрь 2018, Четверг
902
0
Чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни Истиқлолият дар ФРБа истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират мувофиқи нақшаи чорабиниҳои худ дар манотиқи гуногуни ФР силсилаи мулоқоту вохуриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор намуд.
Мувофиқи нақшаи мазкур дар Ҳавзаи марказии федеролй, аз ҷумла дар шаҳри Москва ва вилоятҳои Москва, Владимир, Твер, Иваново ва Тула дар марказҳои тиҷоратӣ, майдонҳои сохтмонӣ ва ташкилоту муассисаҳое, ки ҳамватанони мо кору фаъолият менамоянд, мулоқоту вохуриҳо гузаронида шуда, дар рафти вохуриҳо, асосан оид ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ҳифзу қадршиносии арзушҳои истиқлолият, арҷгузории қадриятҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду инкишофи кишвар суханронӣ карда шуд. Инчунин бо ишора ба ҳодисаҳои нангин -ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, ки моҳи июли соли равон дар ноҳияи Данғара ба амал омаданд, дар мулоқоту вохуриҳо ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи феълӣ - пешгирӣ ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуб, ки мутаассифона дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар баъзе мавридҳо ба назар мерасанд, яъне ҳолатҳои шомилшавии муҳоҷирони ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию радикалӣ дахл карда шуд. Таъкид шуд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлат ва давомдиҳандаи ҳадафҳои олӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватани маҳбуб ҳастанд ва ин рисолат бояд сарбаландона амалӣ карда шавад. Ба гумроҳӣ даст задани бархе аз ҷавонони ноогоҳи мо метавонад бобати иҷрои ин рисолати ифтихорманд мушкилот эҷод кунад. Аз ин рӯ ҳар нафари мо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти нангин масъулиятшинос ва ташаббускор бошад.
Дар робита ба тағйиру иловаҳо ва навгониҳои қонунгузории федералӣ оид ба муҳоҷират, ки дар мавсими имсола ворид гардиданд ва талаботи қонунгузориро дар самти қоидаҳои будубош, бахусус ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштани шаҳрвандони хориҷӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ маълумоти муфассал дода шуд ва таъкид гардид, ки дар иҷрои ин меъёрҳои қоонунгузорӣ масъулиятшиносӣ зоҳир намоянд. Дар сурати пайдо гардидани мушкилоту нофаҳмиҳо ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Бояд гуфт, дар радифи мулоқоту вохӯриҳо барои хотирмону ҷолиб истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати ҶТ, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ бахшида ба ин санаи муборак чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор намуд. Аз ҷумла, санаи 21 август дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гуштингирӣ доир карда шуд. Дар ин сабқат, ки ба Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуд, беҳтарин паҳлавонҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва манотиқи гуногуни Россия иштирок ва қувваозмой карданд.
Чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни Истиқлолият дар ФРБо ташаббуси Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Санкт-Петербург санаи 15 сентябри соли 2018 ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-солагии Истиқлолият баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагиҳои расмӣ ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ширкат намуданд.
Чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни Истиқлолият дар ФР
Чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни Истиқлолият дар ФР
Чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни Истиқлолият дар ФР
Чорабиниҳои идона дар шаҳрҳои Екатеринбург, Уфа, Новосибирск, Сочи, Хабаровск ва Волгоград низ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, 2 сентябр соли равон дар Хонаи Дӯстии Халқҳои шаҳри Екатеринбург ба истиқболи ҷашни Истиқлол бо иштироки намояндагиҳои расмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон чорабинии фарҳангии идона таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор карда шуд, ки дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дустона ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард. 7 сентябр дар ҳамкорӣ бо Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии воқеъ дар шаҳри Екатеринбург, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими минтақа ва аҳли фарҳангу санъати тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни Истиқлолият дар ФР
Чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни Истиқлолият дар ФРЧорабинии марказӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12 сентябр бо ибтикори Сафорати ҶТ дар ФР ва дигар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар яке аз толорҳои муҳташами шаҳри Москва бо ширкати меҳмонони воломақом, намояндагиҳои расмии кишварҳои хориҷӣ ва ҳамватанони фаъол, ки таъриху тамаддун, илму фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ ва тарғиб намуда, обуруву нуфузи онро дар кишвари иқомат боло мебардоранд, доир гардид.
13 сентябр бо ташаббуси Намояндагии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва бахшида ба солгарди навбатии истиқлоли Ватан чорабинии фарҳангӣ доир шуд, ки дар он намояндагони Думаи давлатии ФР, фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Ҳавзаи федералии марказӣ, аҳли санъат ва зиёиён, донишҷӯёну варзишгарони тоҷик иштирок намуданд. Бо мақсади тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, расму ойин, таъриху фарҳанги пурғановати миллиамон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосу хурокҳои миллӣ, аксу мусаввараҳои ифодагари асолати маънавию фарҳангиамон дар толори тарабхонаи “Орхидея” ташкил карда шуд. Меҳмонони чорабинӣ бори дигар аз беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои халқӣ ва санъати миллиамон шинос шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои идона ба муносибати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар иду ҷашнҳои давлатию миллиамон дар кишвари иқомат дар самти тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни оламшумул, муаррифии кишвари ҷавони мо ва таҳкиму густариши равобити дустона ба дигар халқияту миллатҳо мусоидат хоҳад кард.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ