Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ТТЭ ҲНИ ВА БОЗИҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ

ТТЭ ҲНИ ВА БОЗИҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ

03 октябрь 2018, Среда
854
0
Ҷомеашиносон ва муҳаққиқони муосир барои шинохтан ва ташхис додани уқдаҳои фикрӣ ва иҷтимоӣ, ки боиси пойинравӣ ва вопасгаройӣ мегарданд, аз истилоҳи шартии «мазҳабзадагӣ» кор мегиранд. Сатҳи мазҳабзадагӣ дар ин ё он ҷомеа, албатта, ба чигунагии фазои фикрию маданӣ бастагӣ дорад. Умдатан, дар нимаи дуюми садаи бист дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ бозиҳои сиёсӣ бештар ранги мазҳабӣ гирифта, дар қолаби инқилобҳои исломӣ инсиҷом ёфтанд. Ҳамин тавр, дар фазои собиқ шӯравӣ ҳам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири он маҳсуб меёфт, фактори динӣ - мазҳабӣ авлавият пайдо кард ва раванди воқеоту ҳаводиси минбаъда ба он омил пайванд хӯрд.
Дар муҳити Тоҷикистони шӯравӣ аз охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта шурӯъ карда, бозиҳои геополитикӣ дар қолаби исломи сиёсӣ ворид гардиданд ва тадриҷан фазои сиёсӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва маънавиро таҳти таъсир қарор доданд. Ин нуктаро мебояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз пеш аз замони касби Истиқлолияти давлатӣ аз назари динӣ - мазҳабӣ дар таносуб бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ осебпазиртар буд, чунки дар ин минтақа нуфузи қобили мулоҳизаи рӯҳониёни муҳофизакор, фурсатталаб, бехабар, ноогоҳ, ки тору пудашонро хурофоту таассуби мазҳабӣ ташкил дода буд, ба мушоҳида мерасид. Аз тарафи дигар, аз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист ҳаракати рӯҳониёни ҷавон, ки худро ислоҳотгари динӣ - исломӣ унвон мекарданд ва дар маҳофили динӣ аз ислоҳоти густурдаи мазҳабӣ лоф мезаданд, неруманд шуд ва дар майдони сиёсию мафкуравии ҷумҳурӣ аз худ дарак дод.
Кор то ба ҷое расида буд, ки табақаи ислоҳотхоҳони наҳзатӣ ба таври худогоҳу нохудогоҳ бо намояндагони хадамоти ҷосусӣ дар минтақа, ки таҳти пӯшиши хадамоти фарҳангию маданӣ ва тиҷоратию дипломатӣ кору фаъолият мекарданд, иртибот барқарор намуданд. Илова бар ин, омӯзиш ва таҳлили раванди фаъолияти созмони сиррии динии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон (баъдан ТТЭ ҲНИ) ва усулу методҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ - исломӣ моро ба ин натиҷа мерасонад, ки қабл аз ин солҳо низ дар ҷумҳурӣ ҷараёни решаёбии афкори динӣ ва тарғиби мураттаби мафкураи исломӣ таҳким ёфтааст. Ин нуктаро аз сатҳу сифати муносиботи лидерони наҳзатӣ дар охири солҳои ҳаштод ва ибтидои солҳои навадум ва ба дунболи ин, дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) ва марҳилаи баъдиҷангӣ ва ҳатто имрӯз ҳам пай бурдан мумкин аст. Барои дуруст шинохтани авзои сиёсӣ - идеологӣ ва иҷтимоӣ - мадании минтақавӣ дар муддати мушаххаси замонӣ (солҳои 1989-1991), қабл аз ҳама, ба масъалаи шинохти ҳадафҳои стратегии наҳзатӣ бояд таваҷҷуҳ кард.
Дар замони машрӯият пайдо кардани барномаи сиёсии ҳизбӣ дар қолаби «бозсозии горбачёвӣ» дар тамоми ҳудуди давлати Шӯравӣ раванди ташаккулёбии андешаҳои миллӣ таҳким ёфт ва дар пасманзари сиёсати ба ном миллии горбачёвӣ гурӯҳҳои муташаккили мазҳабӣ, ки солҳо орзуи бозгашт ба асли худ – таъсиси хилофати исломӣ ва қувват додани неруҳои динӣ дар минтақаро дар дил мепарвариданд, ба майдон омаданд. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ибтидо ҳаракатҳои миллӣ бар ҷунбишҳои динӣ - мазҳабӣ нуфуз дошт. Агар матбуоти даврии вақтро иҷмолан мурур кунем, мебинем, ки дар марҳилаи аввалӣ (солҳои 1986-1989) неруҳои фикрӣ ва миллӣ, ки аз интеллигенсияи ватанӣ бархостаанд, бар элитаи мазҳабӣ, ки аз уламо ва муллоҳои суннатию ислоҳотгар таркиб ёфта буд, бартарӣ доштанд. Вале дар марҳилаи баъдӣ (солҳои 1989-1991) мушоҳида мешавад, ки неруҳои исломӣ, махсусан роҳбарияти наҳзатӣ минбарро ба даст мегиранд ва дигар ниҳодҳои миллӣ ва институтҳои иҷтимоӣ дар ҳошия қарор мегиранд. Маҳз дар ҳамин марҳила авзои сиёсӣ ҳассос мешавад ва хурофоту таассуби динӣ - мазҳабӣ дар марзҳои иҷтимоӣ реша медавонад. Ҳар созмону иттиҳодияе, ки дар ин марҳилаи ҳассос рӯйи кор омада буданд, бо ин ё он васила ба ТТЭ ҲНИ иртибот дошта, таҳти контроли бевосита ё бавоситаи наҳзат қарор гирифтаанд. Азбаски ташкилоту созмонҳои миллӣ аз берун пуштибонӣ намешуданд, ҳангоми ташаннуҷи авзоъ ночор вобастаи ТТЭ ҲНИ гардиданд. ТТЭ ҲНИ бошад, чуноне ки қаблан ишора кардем, аз берун маблағгузорӣ мешуд ва ба истилоҳ, «спонсор» - сарпараст дошт. Ба ин манзур, иттиҳодияю созмонҳои сиёсӣ ва фарҳангии замон, аз ҷумла Ҳизби демократии Тоҷикистон, «Растохез», «Лаъли Бадахшон», «Наҷоти Ватан» ва ба ин монанд созмонҳои машрӯъ ва номашрӯи вақт дар ТТЭ ҲНИ маҳлул шуданд. Муҳимтар аз ин, тибқи ҷадвал - схемаи сармоягузорони пружаи наҳзатӣ созмонҳо вориди корзори сиёсӣ шуданд ва билфосила таҳти назари коргардонони асосии бозиҳои сиёсии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навад фаъолият намуданд. Ҳарчанд ки раҳбарони созмонҳои номбаршуда ин корро намехостанд, ноилоҷ тобеи элитаи сиёсии наҳзатӣ гардиданд ва стратегияву тактикаи онҳоро пазируфтанд (шояд раҳбарони ҳаракату созмонҳои сиёсӣ дар дил ниятҳои нек доштанд, вале дар ТТЭ ҲНИ мунҳал шудани онҳо ва ба сифр баробар гардидани талаботи барномавии сиёсию иҷтимоӣ ва маданию иқтисодии онҳо сабаби ноком гардиданашон дар бозии сиёсии наҳзатӣ мебошад). Баъдтар раҳбарони ин созмонҳо Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназар, Шодмон Юсуф ва дигарон дарк карданд, ки дар чи доме афтиданд ва сарнавишти миллию давлатиро ба дасти киҳо супурданд. Вале аллакай дер шуда буд, онҳо дар баробари машинаи пуриқтидори сиёсию мафкуравии наҳзатӣ, ки аз ҷониби қудратҳои минтақавӣ сармоягузорӣ мешуд, истодагарӣ карда натавонистанд ва саранҷом шикаст хӯрданд.
Аҷибаш ин аст, ки ТТЭ ҲНИ мувофиқи тартибу дастури сармоягузоронаш тамоми қувваҳои миллию сиёсии вақтро, ки аз озодию истиқлолияти сиёсию миллӣ ҳарф мезаданд, зӯран таҳти парчами худ гирифт. Майдони «Шаҳидон» бо «ташаббус» - и бевоситаи наҳзатиён ташкил шуда, минбар дар ихтиёри элитаи наҳзатӣ буд. Наворҳои Майдони «Шаҳидон» ва минбардориҳои тими наҳзатӣ дар он замон бар он гувоҳӣ медиҳанд, ки муҷриёни пасипардагии бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Душанбе тамоми бурди худро рӯйи ТТЭ ҲНИ гузошта, ба дасти ин ташкилоти террористӣ инқилоби исломиро ба минтақа ба истилоҳ, экспорт кардан мехостанд. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба ном миллӣ буд ва асосан, таҳти контроли бевоситаи элитаи наҳзатӣ қарор гирифта, чанд моҳ дошт дода, оқибат фалаҷ гардид ва аз андарунаш ҷанги шаҳрвандӣ буруз кард.
Баъди он ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати навро рӯйи кор овард, ТТЭ ҲНИ ба хориҷ паноҳ бурд ва дар берун ҳам таҳти ҳимояти бевоситаи сармоягузоронаш қарор гирифт. Дар ғурбат ҳам ТТЭ ҲНИ барои он ки ҳусни таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ва хайриявиро ҷалб кунад, гурезаҳоро, ки як қисм мавқеиятҳои гуногун доштанд ва ба наҳзат ва назароти наҳзатӣ мухолифат меварзиданд, иҷборан тарафи худ кашид ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ) - ро таъсис дод. Дуруст аст, ки як гурӯҳи муҳоҷирони иҷборӣ ба ин ташкила (ИНОТ) шомил нашуданд ва дар хориҷ аз кишвар мустақилона кору фаъолият намуданд ва аз ТТЭ ҲНИ канор гирифтанд (чун аз таҷриба медонистанд, ки наҳзат чӣ мехоҳад ва кишварро ба чӣ мусибате оварда расонд). Вале элитаи наҳзатӣ дигар гурӯҳҳоро муттаҳид карда, ИНОТ - ро созмон дод ва дар раъси он қарор гирифт.
Имрӯз ТТЭ ҲНИ дар хориҷ таҳти пӯшиши сиёсию молиявии қувваҳои беруна, баъзе созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои ғарбӣ ба роҳандозӣ намудани барномаи сиёсӣ (албатта, тибқи фармуда ва диктаи сармоягузорони пружаи наҳзатӣ) машғул мебошад. Барои ба вуҷуд овардани сӯйитафоҳумот ва муҳимтар аз ин, воҳимаю ҳангома ТТЭ ҲНИ аз усулҳои муосири иттилоотӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва маданӣ кор мегирад ва фурсату пайти муносиб меҷӯяд. Дар ин росто, созмонҳои ифротию фурсатталаби «Гурӯҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва амсоли инҳоро ба худ ҷазб месозад ва ба ин васила доираи салоҳиятҳои сиёсию маданиашро афзудан мехоҳад. Ҳадафи ТТЭ ҲНИ, пеш аз ҳама, бо истифода аз фурсати муносиб аз нав таъсис додани ИНОТ мебошад ва бо ин роҳ мехоҳад тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро таҳти султаи худ ҷамъ ва даъвои бузургманишиашро манзури элитаи сиёсию иқтисодии аврупоӣ намояд. Дар пушти ин воҳимаю ҳангомаҳо боз сармоягузорони хориҷӣ меистанд ва ҳимояти ТТЭ ҲНИ-ро, ки аз қабл пружаи номуваффақи онҳо будааст, дар хориҷ ҳамчунон идома медиҳанд.
Фаридун ОРИЁӢ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ