Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ, тағйироти нав дар конунгузорӣ

Ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ, тағйироти нав дар конунгузорӣ

30 декабрь 2013, Понедельник
3 194
0
Ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ, тағйироти нав дар конунгузорӣ

Мувофиқи тағйироти нав дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти мухочират, аз ҷумла Қонуни ФР «Оид ба тағйирот дар ФЗ «Оид ба тартиби воридот ба ФР ва беруншавї аз ФР» ва «Оид ба низоми ҳуқуқии шахрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия», ки аз 1 январи соли 2014 мавриди амал ќарор мегирад, шањрванди хориљї ва шахси бетабаа дар давоми будубоши ќаблиаш дар ФР мўњлати 90 рўзро дар давоми њар як давра ба мўњлати 180 рўз гузаронидааст, воридоти навбатии ў ба мўњлати се сол баста мешавад. Яъне шањрванди хориљие, ки ба ФР бе раводид дохил мешавад, дар давоми се моњ фаъолияти мењнатиашро бояд ќонунї кунад, вагарна баъди њар се моњ сарњади Россияро убур карда боз аз нав будубошро ќонунї намудан, дигар муяссар намешавад. Маъмулан ќисми зиёди шањрвандони ЉТ баъди ворид шудан ба ќаламрави ФР дар давоми се моњи аввали будубош ва то пайдо кардани љойи кори муносиб агар патент ё иљозатномаи корї ба расмият дароварда наметавонистанд, дубора бо роњи убур кардани сарњади давлатии Россия бо Украина, Абхазистон, Қазоқистон ва ғайра фаъолияташонро ќонунї мекарданд. Акнун баъди амалї гаштани ин таѓйирот аз 1 январи соли 2014 чунин амалиёт имконнопазир мегардад.
Дар робита ба тағйироти мазкур дар қонунгузории ФР бо мақсади пешгирӣ намудани мушкилоту нофаҳмоиҳо Намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР аз кулли ҳамватанон-шахрвандони ҶТ, ки дар Федератсияи Россия мувакқатан кору фаъолият доранд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҳеҷ ваҷх убури сарҳади давлатии Федератсияи Россия бо кишвари сеюм анҷом надиҳанд. Ин ҳолат, агар шаҳрванд дар давоми се моҳи аввали будубош дар қаламрави Россия ҳуҷҷатҳои иҷозатдихандаи фаъолияти корияшро (иҷозатномаи кор ёки патент) ба расмият надароварда бошад, ворид шуданаш ба ҳудуди Федератсияи Россия дар давоми 90 рӯзи баъди имконнопазир мегардад.
Котиби матбуоти Намояндаги

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ