Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ЭҲТИЁТ! ИНТЕРНЕТ ВАСИЛАИ ОШНОӢ БО ТЕРРОРИЗМ

ЭҲТИЁТ! ИНТЕРНЕТ ВАСИЛАИ ОШНОӢ БО ТЕРРОРИЗМ

30 октябрь 2018, Вторник
872
0
Ҳамватанони гиромӣ, Шумо , ки дар муҳоҷирати корӣ дур аз Ватан ҳастед дар шароити феълӣ интернет яке аз василаҳои дастрас барои тамос бо наздикону пайвандонатон мебошад. Аммо имкониятҳои интернет паҳлӯҳои дигар низ дорад, ки дар матлаби зерини устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Ҷумъахон Алимӣ оварда шудааст, метавонед ошно шуда, хулосабарорӣ кунед! Ҳаросафканӣ (терроризм) шеваю усулест, ки тавассути он як гурӯҳ ва ё ҳизбе мехоҳад ба аҳдофи аслии худ тавассути аъмоли хушунатбор ва зӯроварӣ расад. Тибқи маълумоти коршиносон, ҳаросафканӣ сиёсатест, ки ба истифодаи муназзам ва мукаррари террор алоқаманд аст.
Шурӯъ аз нимаи дувуми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ - бунёдгароӣ, иртиҷоъпарастӣ, ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ шуда мондааст. Ҷиҳати ба ғаразҳои сиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ муваффақ шудани гурӯҳу созмонҳои ҳаросафкану ваҳшатзо аз эътиқодоти динию мазҳабии шаҳрвандон ва иродаи заифи баъзе ашхос суистифода карда, сиёсатҳои давлатҳои алоҳидаро доғдор намуданӣ мешаванд. Ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ аз падидаю зуҳуроти номатлубтаринанд, ки дар таърихи инсоният аз худ паёмаду оқибатҳои ногувор ба ҷо мондаанд.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон бо иродаи қавӣ, ақлу заковат ва сиёсати хирадмандонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пеши роҳи ин падидаю зуҳуроти сироятию номатлубро бигирад. Ҷилавгирӣ кардан аз ҳаросафканию ифротгароӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзу нигоҳдошти ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди давлат маҳсуб меёбад.
Имрӯз роҳу усул ва шеваҳои ҳаросафканӣ, хушунату зӯроварӣ на фақат нисбат ба ҳукуматдорон ва ҳокимиятҳо, балки алайҳи аҳолии осоишта ва бедифоъ нигаронда ҳам мешаванд. Ҳамин тариқ, ниҳоятан тавассути воситаҳои ахбори омма ба ҷомеа ангезаю омилҳои аъмоли ҳаросафканӣ пешниҳод карда мешаванд ва шарту шароитҳои қатъу рафъи он низ муқаррар мегарданд.
Ахиран, террористон аз шабакаи ҷаҳонии интернет ба тариқи васеъ истифода бурданро пешаи худ қарор додаанд. Тавассути ҷамъоварии маълумот оид ба ҳадафи эҳтимолӣ, аксу тасвирҳои макон ва мавқею ҳадаф ва тавсифоти онро ба роҳ монданд. Ҳатто, тавассути интернет террористон ҷамъоварии маблағу васоити молиётиро ба роҳ мемонанд. Ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки террористон дар сомонаҳои интернетӣ суратҳисобҳои бонкии худро дар мамолики хориҷӣ ҷиҳати ҷамъоварии маблағ сабт ва пахш кардаанд. Интернетро террористон ҳамчун ташаббус ва ибтикори ба роҳ мондани терроризми рӯҳию равонӣ (психологӣ) ҳам истифода мекунанд. Аз интернет, масалан, террористон чун восита ва василаи пахшу густариш додани овозаҳои даҳшатзо ва номуназзамию бетартибиҳо истифода мекунанд. Интернет бо назардошти чунин ҷанбаю вижагиҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст: дастрасии умумӣ, танзиму маҳдуднамоии нисбӣ, назорати нопурраи давлатӣ, теъдоди зиёди баҳрабарон дар тамоми ҷаҳон, равобити пинҳонӣ (бидуни ному насаб), паҳну пахши иттилоот, арзиши арзони созмондиҳии сомонаҳою торнамоҳо, имкони ҷой додани аксу тасвирҳои наворӣ ва ғайра.
Баъзан, коршиносоне ҳам вомехӯранд, ки ҳаросафканию ифротгароиро сирф ба дини мубини ислом рабт медиҳанд, ки ғалат аст.
Сарвари давлат ҳамеша таъкид месозанд, ки террорист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад.
Ҳарчанд то дараҷае муғризон аз ҳар гуна дорую даво ва таблиғоту ташвиқоту шеваю усулҳои махсуси худ кор мегиранд, ки дар баъзе кишварҳо ҳаросафканон ҷиҳати ба ғарази хеш расидан, худро метарконанд. Ҳайратангез боз дар баробари ин, он нукта аст, ки таълимоти ислом худкуширо ба ҳар навъе, ки бошад, маҳкум кардааст. Дар ҳадиси Паёмбари акрам (с) омадааст: «Шахсе, ки худро дидаю дониста ба ҳалокат мерасонад, тавассути будан ба тариқи доимӣ дар ҷаҳаннам муҷозот хоҳад шуд!».
Имрӯз ва минбаъд зарурате моро пеш омадааст, ки атрофи сиёсати дурандешонаю мунсифона, ободкоронаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар аз пештар муттаҳидтар гашта, дар ҷомеаи тоҷикон ин падидаю зуҳуроти номатлубро решакан намоем.
Ҷумъахон АЛИМӢ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ