Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқоту вохуриҳои намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон дар Федератсияи Россия

Мулоқоту вохуриҳои намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон дар Федератсияи Россия

09 январь 2019, Среда
942
0
Мулоқоту вохуриҳои намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон дар Федератсияи РоссияИмрӯзҳо дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия мулоқоту вохӯриҳои намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон ҷараён дорад. Яке аз чунин вохӯриҳо бо мусоидати Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират 7 январи соли 2019 дар маркази савдои “Южние ворота” –и ш. Москва бо иштироки фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи соҳибкорону кормандони як қатор марказҳои тиҷоратии шаҳр ва вилояти Москва баргузор шуд. Зимни мулоқот асосан ба мавзӯҳо вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии мамлакат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолияти кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистию террористӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа дахл карда шуд. Дар баромади худ муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён муфассал оид ба нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти ҶТ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ба ҳадафҳои стратегии худ ноил мегардад. Мисоли равшани он дар охири соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали НБО-и Роғун мебошад, ки сарфи назар аз мушкилоту зиддиятҳо маҳз бо шарофати талошҳои шабонарузии мардуми сарбаланди кишвар ва иродаи сиёсии роҳбарияти давлату ҳукумат муаяссар гашт.
“Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба мо имкониятҳои навро ҷиҳати саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ фароҳам меоварад, ки ин на танҳо иқтидори истеҳсолии кишвари моро вусъат мебахшад, балки ба таъсиси садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд"- изҳор намуд вакили Маҷлиси Намояндагон Ҳокимҷон Холиқзода зимни мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муфассал доир ба афзалиятҳо ва потенсиали ин дастовард суханронӣ кард.


Мулоқоту вохуриҳои намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон дар Федератсияи Россия

















Мулоқоту вохуриҳои намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон дар Федератсияи Россия

















Мулоқоту вохуриҳои намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон дар Федератсияи Россия-Ман яке аз он шахсони хушбахтам, ки дар расми баҳрабардории чархаи аввали НБО-и Рогун ширкат намудам. Бешубҳа, ин дастовард тавассути иродаи қавӣ, заҳмати шабонарузии миллати сарбаланди тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти ҶТ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд ва дар минбаъда барои рушди иқтисодии кишвари мо заминаи воқеӣ фароҳам овард, - изҳор дошт Ҳокимшо Муҳаббатов, раиси ташкилоти ҷамъиятии "Ватан".
Дар мулоқот яке аз мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон ин пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизму терроризм буд. Ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза ба терроризму экстремизм дахл намуда, вакили Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ Бахтовар Сафарзода афзуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ бобати ташаббусҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зиддӣ терроризму экстремизм дорост ва ҳеҷ гуруҳи иртиҷоӣ ва игвоангез наметавонад, дар сурати якҷо будани мо ба оромиву осоиштагии ватани азизамон халал ворид намоянд. Ба таври расмӣ экстремистию террористӣ эътироф шудан ва қатъ гардидани фаъолияти ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом ва дигар ташкилоту созмонҳои ифротӣ аз тадбирҳое дар самти иҷрои расидан ба ин ҳадафҳо ба шумор меравад. Зеро ҳизби наҳзати исломӣ дар давоми фаъолияти худ бори дигар собит намуд, ки бо такя ба арзишҳои дини мубини ислом ҳадафҳои ғаразноки худро дар ҷомеаи суннатии мо мехост раҳандозӣ кунад. Аммо мақсадҳои нопоки онҳо саривақт пешгирӣ ва қатӣ карда шуд. Мутаассифона ҳануз ҳам афроди боқимонда аз ҳисоби роҳбарону пайравони ин ҳизби ифротӣ аз хориҷ истода, ба кишвари мо санги маломат мезананд ва ба ҳар роҳу восита кушиш менамоянд, ба сафи худ ҷавонони ноогоҳро шомил намоянд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафҳои нопоки худ нахоҳанд расид. Ин гуфтаҳо аз ҷониби ҳозирин дастгирии амиқ ёфт ва ҳангоми баромади худ Меликбой Зокиров, узви Шурои уламои Муфтиёти ш. Москва изҳор дошт, ки “мо миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус муҳоҷирони ҷавон пайваста ташвиқу таргиб мебарем, ки дар баробари омузиши динӣ аз касбу кору ихтисосҳои муосир бархурдор бошанд. Барои таълими илми динӣ ба хориҷа рафтан зарурат надорад ва аз ин худдорӣ намоянд. Зеро имруз дар хориҷа ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне фаъолият доранд, ки ҳадафҳои аслии дини мубини Ислом як су монда, мақсадҳои гаразноки худро тавассути ҷавонони ноогоҳ роҳандозӣ мекунанд”. Дар идомаи суханон намояндаи дин афзуд, ки аз пайравӣ ба чунин ҳизбу равияҳои иртиҷой худдорӣ ва эҳтиёт бояд кард ва пурзур намудани корҳои таблиготиро дар самти пешгирии ҳолатҳои шомилшавии муҳоҷирон ба сафи гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ миёни муҳоҷирон вазифаи муҳими ҳар як фард арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми мулоқоти фаъолони ҲХДТ бо ҳамватанон дар маркази тиҷоратии "Южные ворота" ш. Москва аввалин намунаҳои маводи нашрии Паёми Президенти ҶТ ба МО ҶТ ба ҳамватанон тақдим карда шуд. Мулоқоту вохуриҳои фаъолони ҳизб дар дигар манотиқи ФР низ баргузор гашта истодаанд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ