Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Маҳфили назми классикии тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург

Маҳфили назми классикии тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург

29 январь 2019, Вторник
1 046
0
Маҳфили назми классикии тоҷик дар шаҳри Санкт-ПетербургМуаррифӣ ва тарғиби таъриху фарҳангу пурғановати миллати тоҷик миёни халқияту миллатҳои муқими кишвари иқомат яке аз самтҳои фаъолияти намояндагиҳои расмии ҶТ дар ФР ба шумор меравад. Дар доираи чунин тадбирҳо бо ташаббуси Консулгарӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ва Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикистониён “Аҷам” дар шаҳри Санкт-Петербург, маҳфили фарҳангӣ бахшида ба ёддошти эҷодиёти шоирони классики тоҷик баргузор гардид. Ин дафъа маҳфиле, ки бо иштироки намояндагони Кумита оид ба муносибатҳои байнимиллатҳои маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург, ташкилотҳои ҷамъиятии халқияту миллатҳои муқими минтақа ва донишҷуёни тоҷик ширкат доштанд, ба эҷодиёти мутафаккирони забардасти тоҷик - Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Абу Али ибни Сино бахшида шуд.












Маҳфили назми классикии тоҷик дар шаҳри Санкт-ПетербургБаъд аз баромадҳои намояндагони расмӣ ба самъи ҳозирин паёми видеоӣ доир ба сарнавишти саромадони назми классикии тоҷик намойиш дода шуд, ки ҳозирин ҳамзамон бо масдари эҷодиёти шоирони точик шиносои пайдо карданд. Ҳамчунин донишҷуёни тоҷики кишвари иқомат бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Абу Али ибни Сино шеърхонӣ намуда, бо фасоҳати назми равону шевои тоҷикӣ табъи ҳозиринро хушнуд карданд. Дар идомаи маҳфил бо рақсҳои дилошуби гулдухтарони дастаи рақсии “Пари” ва сурудхонии ҳофизон ба ҳусни шаби эқоди таровати тоза бахшиданд.
Дар баробари ин, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Аҷам” Усмонов М.А. дар бораи эҷодиёт ва умуман ҳаёту фаъолияти шоирони тоҷик дар умум суханронӣ карда, аз ҷумла қайд кард, ки се шоире, ки дар борааш имруз ҳарф мезанем, классикони давраи ҳукмронии Точикон дар давраи сулолаи Сомониён мебошад. Маҳз пайдоиши аввалин давлати тоҷикон ба ин сулола рост омада, дар асрҳои 9 ва 10 арзи ҳасти дошт. Дар ин давра тамоми системаи давлатдорӣ бо сохторҳои мукаммал фаъолият карда, он замон онҳоро девон унвон мекарданд. Ҳарчанд сулолаи сомониён аз тарафи дигар сулолаҳо шикаст хурда бошад ҳам, аммо сохти системаи давлатдории он то имруз мавриди истифода қарор мегирад.
Дар охир аз тарафи роҳбари ташкилоти “Аҷам” ба донишҷуёни фаъол, ки дар ин чорабинӣ сахми муносиби худро гузоштанд, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.







Маҳфили назми классикии тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург
Минбаъд дар назар аст, ки шаби эчодии дигар мутафаккирони тоҷик аз чониби ташкилоти “Аҷам” бо иштироки донишҷуён дар кишвари иқомат баргузор карда шавад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ