Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ба аввомфиребии Кабири бовар накунед

Ба аввомфиребии Кабири бовар накунед

31 январь 2019, Четверг
1 536
0
Баъди чавобхои раиси хизби гайриконунии ХНИТ ва ПМТ Мухиддин Кабири, ки бегохирузии 19 январ ба баъзе саволхои хонандагон дода буд ман як тахлили хурдеро бо унвони «Мардум фирефтаи ваъдахои дуруг ва пешниходхои хатарноки Кабири нашавед, ки пайомадашон барои давлатдори ва мардуми точик аз солхои 90 дида чандин маротиб фочиаовартар хохад буд» дар сахифаи фейсбукии худ ба чоп расонидам.

Имруз хам махсус баъди гуфтугуи Кабири бо тамошибинони ПМТ ТВ ба хулоса омадам, ки боз чавобхои уро ба шакли бисёр кутох тахлил намоям. Дар сарогози сухбат Кабири дар бораи омодагирихо ба таъсиси ПМТ ва саволи Фарход Низомов: «Муносибати Шумо ба дуздии маънавӣ чӣ гуна аст? Ва дар ин ҳошия чӣ гуна метавонед ҷанҷоли муаллифӣ “Паймони милли”-и ҲАФИЗ БОБОЁРОВРО шарҳ диҳед?» зиёда аз си дакика суханрони кард.

У кайд кард, ки «Дурнамои рушди Точикистон, ки уро Хафиз Бобоёров бо номи «Паймони мили» омода карда буд ва дар он максад ва ормонхои миллат дарч шуда буданд 90 дар сад кобили кабул мешуморад». Вале Кабири худаш ба худаш тасдик мекунад, ки «хеч ном моли хусуси нест ва хеч кас хукуки монополия кардани ин номи Паймони миллиро надорад. Худо накунад, ки моро ба дуздии моликияти зехнии ин ном муттахам созанд. Барои таъсискунандагони Паймони милли ин ном як амри тасодуфи буд».

Вакте, ки Дурнамо, номи у Паймони милли, ки дар байни мардум таблиг шуда буданд ва муаллифи он олими шинохтаи точик Хафиз Бобоёров, ки ХНИТ уро барои андешахои тарафдори чомеъаи дуняви буданаш думболагири карда ба у фишор меовард, мебошад номгузории ПМТ аз тарафи таъсисгарони у ва шахсан Кабири як дуздии руи рости моликияти маънави ва зехни мебошад.

Дар аввали соли 2012 Кабири ва тарафдоронаш пеш аз интихоботи президенти Чумхурии Точикистон бо хамин шакл номи «Чунбиши миллии Точикистон»-ро, ки ман раисии онро ба ухда дорам дуздида буданд. Аз сабаби серкор буданам баъди чанд мох тасодуфан дар интернет дидам, ки дар зери унвони «Чунбиши миллии Точикистон» сайте омода шудааст, ки дар он таблиготи Кабири хамчун номзад ба президенти хеле хам гарм шуда буд. Ман фавран дар расонахои хабари изхоротеро ба чоп расонидам ва ин гурухро барои аз худ кардани номи Чунбиши миллии Точикистон муттахам сохта будам. Метавонед ба матлаби радиои Озоди «У «Чунбиши Миллии Точикистон» появился свой "двойник"? дар сайти онхо шинос шавед https://rus.ozodi.org/a/24501121.html.

Хушбахтона овози маро шунида ин сайтро ба зуди бастанд. Яъне дуздии руирости моликияти зехни ва маънавии Барнома ва номи Паймони миллии Хафиз Бобоёров аз тарафи Кабири ва ёронаш, ки ба хеч вачх инкор карда намешавад у кабул надорад. Чи хел мешавад, ки ба дигар чавобхои Кабири бовар кард?

Дар бораи хадафи асосии ПМТ Кабири чавоб дод, ки мехоханд Точикистони озод, пешрафта ва мустакилро созанд, ки дар он озодии инсон авлавият дошта бошад. Баъдан ба саволи дигар кас чавоб гуфта дуюмбора оиди ин масъала таъкид карданд, ки Точикистон бояд давлати дуняви ва демократии ба маънии томи гарбии ин калимахо бошад. Аз ин маълум мешавад дар ягон санад максади асосии ПТМ дарч нашудааст ё ин, ки Кабири шахсан аз он хабар надорад.

Бори дигар ба хонандагон таъкид менкунам, ки аз идеалхои Конституцияи Точикистон, ки дар Боби якум Модаи 1-ми он омадаст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ (яъне социалӣ) буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад» бехтар максад барои созмонхои сиёси ва давлат намешавад.

Кабири мегуяд, ки «дар замони имруза вакти барномасозихо гузашта аст. Барномахо бояд дар калби хар як шахс бошанд. Вакте, ки ба эътимод ва боварии мардум расидем дар он сурат барномаи дакикеро пешниход мекунем». Ин чи маъни дорад? Яъне то давраи расидан ба ягон мархилаи сиёси факкат бояд аз хиссиёти муккадаси мардум ба дини мубини ислом истифода намуда эътимод ва боварии онхоро ба даст биёрем. Чунин шакли фаъолияти сиёси метавонад ояндаи кишварро хело хам зери хатар гузорад.

Дар бораи аъзошави ба ПМТ Кабири махсус таъкид кард, ки факкат гуруххои сиёси метавонанд аъзоиПМТ шаванд. Шахсхои чудогона наметавонанд аъзои ин Паймон бошанд, ки барои ХНИТ хеле манфиатовар аст. Иттиходчиёни хизби гайриконунии ХНИТ дар таъсиси ПМТ гуруххои сиёсии нисбатан хеле хурд ва аз лихози сиёси ва идеологи очизе, ки хамаги чанд нафарро дар мачмуъ ташкил мекунанд, ба хеч сурат наметавонанд ба фаъолияти ин хизб, ки аз руи иттилоотхои ин хизб зиёда аз 44 хазор аъзо дошт таъсире расонанд. Баръакс онхо барои ХНИТ ва шахсан Кабири минбари таблиготии хело хам арзон ва муфид дуруст кардаанд.

Аз хамин сабаб Кабири дар ин сухбаташ хам кисми зиёди вакти чавобхояшро бо хонандагони фейсбук ва ютуб барои таблиги шахси ва ХНИТ истифода бурд. Кабири гуфт, ки «чор созмони ПМТ хама дар хорича фаъолият мекунанд. Аз гуруххои дохили кишвар хохиш карданд, ки фаъолияти сиёсиашонро кать гардонанд. Хар чонибдори мо медонад, ки дар чунин шароит чи гуна бояд фаъолият кунад ва вакташ, ки расид мо ба онхо боз фармоишхои дигареро мерасонем, яъне фаъолияти ПМТ мисли як созмони махфи мебошад.

Яке аз тамошобинон, шояд аъзои ХНИТ аз Кабири хохиш карданд, ки «усули фаъолияти сабри шумо бо ин хукуматдорон хато аст ва ягон натича надод. Фаъолият бояд ба шакли дигар матрах шавад». Дар чавоб Кабири гуфт, ки «холо хам бояд сабр кард, вале факат то рузе, ки шароит пухта нарасад. Рузаш расид хар нафар шахрванд худаш дарк мекунад, ки даврони сабр гузашт ва ин руз хам чандон дур нест».

Кабири макомотои Чумхуриро, ки барои истикболгии мехмонони хоричи ва гузаронидани маъракахои идона занонро бо либоси милли чалб мекунанд даюс меномад. Оё чунин шахс метавонад гуяд, ки мо дар кишвар максади сохтани давлати дуняви дорем? Барои сиёсатмадор, ки даъвои рохбарии давлатдориро дорад ба забон овардани чунин суханхо айб аст. Вале Кабири бо максади харчи зудтар ба даст овардани боварии мардум махсус руз то руз киммати бахси сиёсиро боло бурда ба хайсияти шахсии рохбарияти чумхури расида онхоро тахкир мекунад.

Хулоса кардан мумкин, ки максади нихоии Кабири ва ХНИТ сохтани давлати мазхаби дар Точикистон мебошад, ки бо рохи осоишта ва конуни расидан ба ин максад тамоман гайри имкон аст.

Маъмулан дар Оинномаи хар як созмон хатман хукук ва чавобгарии аъзоёни он бояд инъикос карда мешавад, ки хифзи хукуки аъзоен аз тарафи созмон хатмист. Кабири бошад дар чавоб мегуяд: «Мо имкони химояти аъзояномонро надорем ва ваъдахои зиёдати намедихем». Аз аъзоён факкат хохишии кумаки моли мекунанд. Вагарна аз кучо ХНИТ аз хисоби худаш мактаб сохт, дар 300 хазор хизб ва шахсан Кабири дар 500 хазор доллар сахмхои неругохи барки «Рогун»-ро харидори кардан два гайра.
Бори дигар гуфтаниам, ки холо хам дер нашудааст гуруххои сиёсие, ки ба ХНИТ иттиход баста ПМТ-ро таъсис дода Кабириро раис интихоб кардаанд аз фаъолияти гайриконунии ХНИТ каноригири карда ПТР-ро пароканда кунанд, ки окибатааш бо чунин максадхои нихоии Кабири ва ХНИТ хело ва хело хам барои миллати точик фочиаовар тамом мешавад.

Хоким Мухаббатов – Раиси чунбиши миллии Точикистон, муаллифи китоби «Гароиш ба озоди»

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ